Аризаи 500 сокини Суғд барои лағви “ов”-у “ова” аз насабашон
Танҳо дар моҳи январи соли ҷорӣ 500 нафар аз сокинони Суғд барои лағви пасванди русии “ов”-у “вич” ва “ова”-ю “овна” ба Идораи сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ муроҷиат кардаанд. Муқаддам Ҳошимова, мудири ин ниҳод дар Суғд, мегӯяд, як гуруҳ аз ин муроҷиаткунандагонро хизматчиёни давлатӣ ташкил медиҳанд, ки бо хоҳиши худ барои тағйири насабашон ариза навиштаанд.
Ҳошимова дар сӯҳбат бо хабарнигори “Озодагон” гуфт, “ҳар шаҳрванд ҳуқуқ дорад, ному насаби хешро иваз намояд ва ҳеч кас барои ин монеъ ҳам шуда наметавонад.” Ин дар ҳолест, ки бино ба гуфтаи як манбаъ, иҷрокунандаи вазифаи раиси вилоят зимни як ҷаласа ба хизматчиёни давлатӣ таъкид кардааст, “хуб мешуд, ному насаби худро тоҷикӣ кунед. Вале ин ҳуқуқи шаҳрвандии ҳар нафари Шумост ва ҷойи маҷбурӣ надорад”.
Ёдрас мекунем, дар давоми соли 2013 беш аз 4 ҳазор сокини вилояти Суғд барои сатҳи қайди ивази ному насаби худ ба Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии назди Вазорати адлияи Тоҷикистон дар вилояти Суғд муроҷиат кардаанд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |