Путин ба Раҳмон: “Имзои созишномаи пойгоҳи 201 анҷоми кор нест”
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, баъд аз зӯҳри 6 феврал дар мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Сочӣ ҳамкориҳои низомиро аз самтҳои афзалиятноки ду кишвар арзёбӣ намудааст. Путин зимни мулоқот изҳор дошта, ки созишномаи нав дар мавриди будубоши пойгоҳи низомии 201-и Русия дар Тоҷикистон ҳамкории ду кишварро дар умури ҳарбӣ ба як низом медарорад ва дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои НАТО аз Афғонистон хеле муҳим аст.
“Хеле хушҳолам, ки имрӯз дар бархе аз масоили ҳамкорӣ, аз ҷумла дар мавриди пойгоҳи низомии 201-ум нуқта мегузорем. Аммо ин маънои анҷоми корро надошта, оғози марҳилаи нави ҳамкорӣ дар соҳаи ҳарбӣ мебошад, ки нисбатан амиқтару муътадилтар хоҳанд буд”,-афзудааст Путин.
Эмомалӣ Раҳмон низ гуфтаҳои Путинро дар мавриди марҳилаи нави ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия таъйид карда, таъкид намудааст, ҳамкории стратегии ду кишвар ба сатҳи нав мебароянд. Пойгоҳи низомии 201-и Русия калонтарин воҳиди хушкигарди ин кишвар дар берун аз қаламрави он мебошад, ки беш аз 7 ҳазор сарбозу афсарро дар бар мегирад.
Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамзамон раҳбарии Кумитаи миллии олимпии кишварро ба ӯҳда дорад, рӯзи 6 феврал барои иштирок дар маросими ифтитоҳи бозиҳои XXII-уми зимистонаи олимпӣ вориди шаҳрии Сочии Русия шуд. Ҷаноби Раҳмонро дар ин сафар Сироҷиддин Аслов -- вазири умури хориҷӣ ва Шералӣ Мирзо -- вазири дифоъ низ ҳамроҳӣ доранд.
Олимпиадаи зимистонаи Сочӣ рӯзи 7 феврал оғоз ёфта, то 23 ҳамин моҳ идома хоҳад кард, ки дар он ду варзишгари тоҷик - Алишер Қудратов ва Андрей Дригин – аз рӯи намуди лижаронии кӯҳӣ қувваозмоӣ мекунанд. Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ мегӯяд, алакай парчами Тоҷикистон дар шаҳраки бозиҳои олимпии зимистонаи “Сочӣ-2014” барафрохта шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |