Барқи тоҷик: "Дар моҳҳои наздик нархи барқ қимат намешавад"
Даврон Исҳоқов, муовини раиси ширкати “Барқи тоҷик”, эълон кард, ки моҳҳои наздик нархи истифода аз нерӯи барқ дар Тоҷикистон боло намеравад. Ҷаноби Исҳоқов, ки рӯзи 5 феврал дар ҳузури хабарнигорон сӯҳбат мекард, гуфт, “Барқи тоҷик” барои боло бурдани нархи барқ ба ҳукумат пешниҳоде накардааст ва афзуд, агар нархи барқ боло ҳам равад, он дар як ҳаҷми кам хоҳад буд.
Ин дар ҳолест, роҳбарияти Вазорати энержӣ ва Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар ин робита гуфтанд, масъалаи нархи барқро гуруҳи махсуси корӣ мавриди омӯзиш қарор додааст, ки феълан идома дорад. Усмоналӣ Усмонов, вазири энержӣ ва захираҳои об дар Тоҷикистон, зимни нишасти хабарии 30 январ изҳор дошта буд, ки бо қарори ҳукумат кумисюни махсус ба омӯзиши ин масъала машғул аст ва ояндаи наздик нархи нави барқ дар Тоҷикистон пешниҳод хоҳад шуд.
Вазир болоравии нархи барқро барои беҳбуди вазъи молии умури энержӣ муҳим арзёбӣ кард. Ӯ таъкид намуд, феълан нархи барқ дар Тоҷикистон арзонтарин дар минтақа аст. Ин дар ҳолест, ки тарифҳои феълии барқ дар Тоҷикистон моҳи апрели соли 2011 ҷорӣ шуданд, ки тибқи он нарх барои мардум 11 дирам сари ҳар киловат муайян шудааст. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |