Таҳияи созишномаи Душанбею Теҳрон барои ҳамкорӣ дар соҳаи амният
Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилии Тоҷикистон, имрӯз, 5-уми феврал дар мулоқот бо намояндаи муваққатии Эрон дар Душанбе, Сайидмаҳмуди Садрӣ ва мушовири низомии сафорати Эрон, Беҳзод Рафеъӣ масоили густариши ҳамкорӣ дар умури амнияту таъмини тартиботро баррасӣ кардаанд.
Тибқи иттилои сомонаи расмии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, зимни мулоқот масоили ҳамкориҳои тарафайн дар самти мубодилаи ахбор, мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва хариду фуруши ғайриқонунии яроқу аслиҳа мавриди муҳокима қарор гирифт: “Дар ин нишаст зикр гардид, ки лоиҳаи созишнома байни ҳукумати Тоҷикистон ва ҳукумати Эрон оид ба ҳамкорӣ дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва амният дар марҳилаи коркард қарор дошта, имзои он минбаъд ҳамкориҳои муштаракро боз ҳам тақвият мебахшад.”
Ба иттилои манбаъ ҷонибҳо изҳори умед карданд, ки минбаъд ҳамкориҳо дар соҳаи таъмини амният ва мубодилаи таҷриба васеъ роҳандозӣ хоҳад шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |