Воридоти беш аз 65 ҳазор мошин дар соли 2013 ба Суғд
Дар тӯли соли гузашта аз хориҷ ба вилояти Суғд 65 ҳазору 177 мошин ворид гардидааст. Тавре ба хабаргузории “Озодагон” аз Раёсати минтақавии Хадамоти гумруки вилояти Суғд иттилоъ доданд, ин рақам дар соли 2012, 46 ҳазору 440 мошинро ташкил медод.
“Бояд гуфт, аксари воситаҳои нақлиёт аз кишварҳои Олмон, Чин, Латвия, Литва, Иморати Муттаҳидии Арабӣ, Куриё ва Русия ворид гашта, арзиши умумии онҳо дар ин давра 236 миллиону 100 ҳазор долларро ташкил медиҳад”,-меафзояд манбаъ.
Ҳамзамон, бино ба гуфтаи сарчашмаи хабар, аз ин кишварҳо воситаи нақлиёти хоҷагии қишлоқ, автобусу микроавтобусҳо, воситаи нақлиёти сабукраву боркашон ва воситаи нақлиёти махсусгардонидашуда ворид карда шудаанд, ки миёни онҳо бештар нақлиёти сабукрав ба мушоҳида мерасанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Феврал 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | |