Мавзуна Чориева дар бораи Осияи 8-моҳа, бокс ва кӯдакони ятим
Маҳастии ДӮСТМУРОД
Мавзуна Чориева, муштзани маъруфи тоҷик ва барандаи медали биринҷии Олимпиадаи тобистонаи 2012 дар Лондон, ин шабу рӯз барои иштирок дар мусобиқаи байналмилалии бокси Булғористон, ки 24 феврал баргузор хоҳад шуд, омодагӣ мебинад.
Чориева баъд аз таваллуди духтараш -- Осия, ки ҳоло ҳаштмоҳа аст, барои бори дувум дар мусобиқоти бокс иштирок мекунад. Ӯ чанде пештар дар сабқати Ханти-Мансийск ширкат карда, сазовори ҷои севум шуда буд. Ин муштзани маъруфи тоҷик дар сӯҳбат бо хабарнигори “Озодагон” гуфт, он рӯзҳо мехост фақат нерӯи худро дар майдони бокс бисанҷад: “Баъд аз таваллуди фарзанд ва танаффуси тӯлонӣ умед надоштам, дар сабқати Ханти-Мансийск соҳиби ҷое мешавам. Ҳатто вақте ба мусобиқа даъват карда буданд, танҳо хостам худро дар ринг бисанҷам. Вале дар охири сабқат номи маро ба ҳайси барандаи мақоми севум эълон карданд, ки боиси хушҳолиям буд.”
ОСИЯИ ҲАШТМОҲА
Мавзуна Чориева мегӯяд, таваллуди Осия барои тамрину идомаи сабқаташ дар майдони бокс халале нарасондааст. Балки, ба гуфтаи ӯ, баъзан Осия мояи илҳому тавоноӣ мешавад, ки ӯ дар мусобиқот пирӯз ояд. “Ҳар он шахсе, дақиқтараш зане, ки мегӯяд пас аз шавҳар баромадан ва таваллуд кардани фарзанд ба варзиш бозгашта наметавонад, иштибоҳ мекунад. Ман ва шавҳарам Амон машғули боксем. Вақте ман дар тамрини варзишиам ӯ маро дастгирӣ мекунад ва ҳатто хушдоманам Идимоҳ Ғуломова ҳар рӯз ба ман мегӯянд, ки ба толори варзишӣ равам, чун дар хона коре барои ман намондааст. Инчунин, гуфтаниам, ки сол то сол ҳар як шахс боқувват мешавад, на ин ки заиф”,-афзуд ӯ.
Мавзуна ба ояндаи хуби духтараш умедвор аст ва мегӯяд, ҳатман барои пешрафти ӯ тамоми талошашро хоҳад кард. Вале, мегӯяд ӯ, дар интихоби касб ва ё риштаи варзиш ба духтараш фишор наоварда, балки онро дар ихтиёраш мегузорад.
Ҳоло Осия – духтари Мавзунаю Амон ҳаштмоҳа аст. Дар лаҳзаҳое ки Мавзуна машғули тамрин аст, ӯро гоҳе бибияш Идимоҳ нигоҳбонӣ мекунаду гоҳе дигар падараш -- Амон. Онҳо намегузоранд, ки касе мояи озори Осия бишавад. “Ба ғайр аз ман, хушдоману шавҳарам машғули нигоҳубини Осияанд. Онҳо ба ман кумак мекунанд, то дар варзиш ба пешрафтҳо ноил шавам”,-мегӯяд, Мавзуна.
САРПАРАСТИИ ЯТИМОН
Ин муштзани маъруфи тоҷик мегӯяд, ҳарчанд шахси тавонманд ва сармоядоре нест, аммо дар борари тифлони бесарпарасту ятим низ бисёр меандешад. Вай мегӯяд, ӯву ҳамсараш ният доранд, вақте соҳиби се фарзанд мешаванд, ҳатман ду кӯдаки ятимро низ барои нигоҳубин хоҳанд гирифт. “Чуноне пайомбар Муҳаммад фармудаанд, дар хонае, ки ятим ҳаст ва хурсандона бо падару модару хоҳару додар зиндагӣ мекунад, он оила хушбахтанд”,-таъкид мекунад муштзани тоҷик.
Дар бораи он ки оё Мавзуна қасди ифтитоҳи ягон Бунёд (Фонд) барои сарпарастии кӯдакони ятимро дорад, ё на, ӯ гуфт, “мардум фикр мекунанд, ки ман хеле пулдорам, аммо ин танҳо овозаҳои беҳудаанд. Он ки ман дар мусобиқаҳо иштирок кардам, маънои пулдории маро надорад. Вале дар сурате ки маблағи бештар ба даст омад, ҳатман ин корро анҷом хоҳам дод.”
МАВЗУНА ВА ИДОМАИ БОКС
Номи Мавзуна Чориеваи 21-сола баъд аз пирӯзияш дар Олимпиадаи тобистонаи соли 2012 дар Лондон расонаӣ шуд. Ӯ дар тӯли бист соли мустақилияти Тоҷикистон танҳо зани ин кишвар буд, ки дар Олимпиада медал ба даст овардааст. Дар пайи ин пирӯзӣ ба Мавзуна Чориева шаҳрдории Душанбе манзили сеутоқа, шаҳрдории Кӯлоб як манзили панҷҳуҷрагӣ ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон як манзили дуҳуҷрагӣ тӯҳфа намуданд. Инчунин, раисиҷумҳури Тоҷикистон Мавзуна Чориеваро бо ордени "Шараф" ва 200 ҳазор сомонӣ сарфароз гардонд.
Чориева баъдан, моҳи октябри соли 2012, дар шаҳри Кӯлоб бо Амон издивоҷ кард ва онҳо ҳоло соҳиби як духтаранд. Мавзуна мегӯяд, боксро худ интихоб кардааст ва аз роҳаш гаштанӣ нест. “Ин навъи варзишро худам интихоб намудаам. Падари худораҳматиам низ варзишгари гӯштии озод буданд. Вақте вориди бокси касбӣ шудам, барои худ мақсад гузоштам, ки бояд дар олимпиадаю мусобиқаҳои байналмилалӣ иштирок карда ба хотири падарам ҷойҳои муносибро сазовор гардам. Ва чунин низ шуд”,-гуфт дар охири сӯҳбат Мавзуна. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |