Як акси Мӯсо Исоев ва 900 шарҳи хонандагон дар “Одноклассники”
Як акси Мӯсо Исоев, паҳлавон ва ҳунарманди тоҷикро, дар саҳифаи “Одноклассники” беш аз 10 ҳазор бор “писандидаанд”.
Ин аксро корбаре бо номи ”Комрон TJK” моҳи августи соли 2013 дар саҳифаи худ гузоштааст ва он то имрӯз 10 156 “класс” гирифтаву зераш 848 шарҳ навиштаанд. Бисёре аз шарҳнависон аз Мӯсо Исоев ба унвони “Шери тоҷик” ва “паҳлавони тоҷик” ном бурдаанд.
Корбаре бо номи Толибшо Қурбонов навишта, ки “ба тамоми нозукиҳояш марди бузург буд”. Ин нафар худро яке аз дӯстони Исоев муаррифӣ намудааст: “Дар кӯчаи Михайлов зиндагӣ мекардем. Бегоҳирӯзҳо бо раҳматӣ “штанга” машқ мекардем. Ҷои вохӯрӣ ва истироҳат чойхонаи “Роҳат” буд. Дар он “территория” касе набуд, ки раҳматӣ Мӯсоро нашиносад. Пеш аз ҷангҳо чанд бор гуфтам, бобо, тарки Ватан кун, чунки бесарусомонӣ буд, розӣ нашуд. Баъд аз чанд вақт фаҳмидам, ки як магазини автоматро тарафаш холӣ кардаанд. Пирам, хонаи охиратат ором бошад.”
Аловуддин Бобоев, як корбари дигар, низ навишта, ки “ӯ яке аз беҳтарин фарзандони тоҷик буд! Руҳат шод бод”. Бобо Турсунов гуфтааст, “ҷояш ҷаннат бошад! Барои ба навор гирифтани филми "Афганский излом" ("Шикасти Афғон") Микелле Плачидо танҳо актёрони тоҷик -- Мӯсо Исоев, Мукаррама Қосимова ва чанд нафари дигарро интихоб карда буд.”
Дар “Одноклассники” саҳифаи вижае низ бо номи “Мӯсо Исоев – шери Мастчоҳ” фаъол аст. Мӯсо Исоев падари Рустам Исоев, овозхони тоҷик аст, ки моҳи декабри соли 1992 аз сӯи афроди номаълум кушта шудааст. Ӯ соли 1952 дар деҳаи Пастиғави ноҳияи Мастчоҳи кӯҳӣ таваллуд шуда, Омӯзишгоҳи касбию техникии ноҳия ва Донишкадаи варзиши шаҳри Душанберо хатм кардааст. Устоди варзиш, қаҳрамони чандинкаратаи ҷумҳурӣ оид ба гуштии классикӣ ва дзю-до, қаҳрамони Озарбойҷон аз рӯи гӯштии дзю-дост.
Дар синамо низ нақш офаридааст. Дар филмҳои “Кафорат”,”Номзад”, “Бори 300″ нақши асосиро бозидааст. Дар филми “Дарду алами афғон” ҳамроҳ бо ҳунарпешаи машҳури итолиёвӣ Микеле Плачидо нақш иҷро кардааст. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |