Барзу Абдураззоқов дар театри “Чингиз Айтматов” ба кор оғоз кард
Барзу Абдураззоқов, коргардони шинохтаи театри тоҷик, ки ахиран Тоҷикистонро ба қасди зиндагӣ дар Қирғизистон тарк карда буд, дар яке аз театрҳои ин кишвар ба кор қабул шудааст.
Бар асоси иттилои расонаҳои қирғизӣ, Абдурразоқов расман рӯзи 27 январи соли ҷорӣ фаъолияташро дар театри ба номи “Чингиз Айтматов”-и шаҳри Бишкек оғоз кардааст. Александр Кулинский, раҳбари театри “Чингиз Айтматов”, дар суҳбат бо расонаҳо гуфтааст, “бахти мо баландӣ кард, ки чунин коргардони шинохта ба монанди Барзу ба театри мо ба кор омад.”
Кулинский мегӯяд, омадани Барзу ба театри онҳо гоми нахустине барои рушди ин соҳа дар Қирғизистон хоҳад буд: “Бисёре аз театрҳо майли ба кор гирифтани ӯро доштанд, чун Барзу собиқаи бой дар театрро дорад.” Раҳбари театри “Чингиз Айтматов” таъкид кардааст, ки Барзу Абдурразоқов ба ҳайси коргари расмӣ дар ин театр фаъолият карда бо манзили зист низ таъмин хоҳад шуд. Худи Барзу Абдураззоқов ҳам гуфта, ки намоишномаи нахустини ӯ дар театри "Чингиз Айтматов" моҳи марти соли ҷорӣ пешкаш хоҳад шуд.
Ин коргардони шинохтаи театри тоҷик баъд аз зуҳри 26 январи соли ҷорӣ Тоҷикистонро ба қасди Қирғизистон тарк кард ва наздикони ӯ гуфтанд, Барзу барои кор ва зиндагӣ ба шаҳри Бишкек рафтааст. Далели тарки Тоҷикистон кардани коргардони маъруфро ба он рабт доданд, ки дар театрҳои кишвар ӯро ба кор нагирифтаанд. Абдураззоқов яке аз коргардонҳои шинохтаи Тоҷикистон аст, ки дар гузашта раҳбарии Театри ба номи Камоли Хуҷандӣ ва Театри ҷавонон ба номи Маҳмуди Воҳид дар Тоҷикистонро ба уҳда дошт.
Шамсиддин Орумбеков, вазири нави фарҳанги Тоҷикистон, рӯзи 27 январ тайи як нишасти хабарӣ дар мавриди тарки Ватан кардани Барзу Абдураззоқов изҳори назар кард ва гуфт, “ин ҳаққи шаҳрвандӣ ва хоҳишу интихоби худи Барзу аст.” Орумбеков афзуд, Абдураззоқов боре ҳам барои кор ба Вазорати фарҳанги Тоҷикистон муроҷиат накарда ва дар мавриди кор бо вазир мулоқоте ҳам надоштааст. Ин дар ҳолест, ки Маҳмадсаид Пиров, муовини аввали вазири фарҳанг, илова кард, ӯ бо Барзу сӯҳбати тӯлонӣ дошта ва аз нияти барои кор ба хориҷа рафтанаш огоҳ будааст: “Ин таҷрибаи ҷаҳонӣ аст, ки мутахассисони хуб барои кор ба хориҷа мераванд. Мо ҳам барои ҷалби коргардонҳои маъруфи хориҷӣ маблағи кофӣ дорем. Барзу ҳам дар асоси шартнома кор мекард ва рафтан ба Бишкек ин интихоби ӯст. Барзу агар аз мост, ӯ бармегардад."
Пиров бо зикри он ки Барзу Абдураззоқов ба Қирғизистон рафтааст, таъкид намуд, "ӯ ба ягон дунёи дигар нарафтааст". Муовини аввали вазири фарҳанг афзуд, “аз рафтани Барзу мо чизеро аз даст надодаем. Ин ҷо ягон тараф гунаҳкор нест. Рафтани Барзу Абдураззоқов ба нафъи мост, чун ӯ ҳамчун намояндаи Тоҷикистон фаъолият мекунад.” Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |