Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 25 январ 2021, 18:49

Нороҳатии ҷабрдидаҳо аз додгоҳи ғоибонаи Роҳат Алиев

4 феврал 2014, 17:52

Парвандаи Роҳат Алиев ва Алнур Мусоев ҳамчун фармоишгарони куштори сиёсатмадор Олтинбек Сарсонбоев дар ғайби онҳо баррасӣ хоҳад шуд. Дар ин бора ВАО-и Қазоқистон хабар додаанд.

Тулеген Жукеев, намояндаи ҷабрдидаҳо дар як нишасти хабарӣ гуфтааст, бо эҳтимоли зиёд баррасиҳои додгоҳӣ алайҳи Роҳат Алиев дар ғайби ӯ мегузарад, зеро вай дар Қазоқистон нест.

Ин дар ҳолет, ки Роҳат Алиев, домоди собиқи президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев моҳи декабри соли сипаришуда эълон карда буд, дар ин баррасиҳо тавассути видеоконфронс ширкат хоҳад кард.

Ман омодаам дар ин баҳси додгоҳӣ ширкат кунам, чӣ дар Амрико ва чӣ дар Қазоқистону Аврупо. Ман барои адлияи Аврупо дастрас ҳастам. Омодаам тавассути конфронс, видеоконфронс ширкат намуда, ба тамоми саволҳо ҷавоб гӯям”, -гуфта буд Алиев дар суҳбат бо шабакаи телевизионии А24-и Русия.

20 декабр Додситони кулли Қазоқистон Роҳат Алиевро дар куштори Олтинбек Сарсонбоев, яке аз мухолифони ин кишвар дар соли 2006 муттаҳам кард. Додситони кулл гуфт, ин маълумотро аз Рустам Иброҳимов, ки ба гуфтаи мақомот дар ин ҷиноят даст дорад, дарёфт кардааст. Ба иттилои манбаъ, маълумот дар мавриди фармоишгари ин ҷиноят будани Роҳат Алиевро ҳанӯз моҳи апрели соли 2012 рӯи даст доштанд ва танҳо баъди он ки ин фарзия ба пуррагӣ тасдиқи худро ёфт, онро эълон карданд. Аммо Роҳат Алиев иттиҳомоти мақомоти Қазоқистонро “провокатсия” номида буд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!