Бахшҳо

Вазъи Осиёи Марказӣ дар сӯҳбати вазири дифои Қирғизистон бо Сергей Шойгу

Таалайбек Омуралиев, вазири дифои Қирғистон бо даъвати ҳамтои русаш Сергей Шойгу озими Русия шудааст. Ба иттилои дафтари матбуотии вазорати дифои Қирғизистон, сафари Омуралиев ба Русия рӯзи 3 феврал оғоз шуда, қарор аст, дар ҷараёни он ҷонибҳо масоили марбут ба ҳамкориҳои низомию фаннӣ ва вазъият дар Осиёи Марказиро ба баҳс кашанд.

Дафтари матбуотии вазорати дифои Русия мегӯяд, раҳбарони низомии ин ду давлат дар нахустин мулоқоти худ масоили муҷаҳҳаз гардидани артиши Қирғизистон бо навтарин таҷҳизоти низомии Русияро ба баррасӣ гирифтаанд. Сергей Шойгу таъкид кардааст, ки артиши Қирғизистон бо навтарин силоҳи русӣ дар наздиктарин вақт муҷаҳҳаз хоҳад шуд. Ба қавли ӯ, қарордодҳои марбут дар ин бора миёни ду кишвар ба имзо расида ва таҳвили аслиҳа аз Руссия ба Қирғизистон аз моҳи декабри соли 2013, яъне қабл аз замони қарордодӣ шурӯъ гардида аст: “Русия барои иҷрои ин нақша як миллиард доллари амрикоӣ ҷудо хоҳад кард.”

Инчунин ҷонибҳо дар ин мулоқот ба масоили вазъи кишварҳои Осиёи Марказӣ баъд аз беруноии неруҳои низомии хориҷӣ дахл карда, мақомоти рус таъкид кардаанд, ки дар ин росто онҳоро лозим аст, барои таъмини ҳадди аксари амнияти шарикони худ дар Созмони амнияти дастачамъӣ ҳама иқдомоти лозимро анҷом диҳанд. Вазири дифои рус гуфтааст, кишвараш тасмим дорад, ба Қирғизистон ҳаҷониба дар заминаи таъмини амният кумак намояд.

Таалайбек Оморалиев пеш аз оғози сафараш ба Маскав гуфта буд, таҳвили бахшҳои аслии аслихаи нав аз Руссия ба Қирғизистон ибтидои соли 2014 оғоз хоҳад шуд.

Сафари вазири дифои қирғиз ба Маскав дар ҳолест, ки дар Қирғизистон ҳоло чаҳор нуқтаи низомии Русия, аз ҷумла Бошгоҳи озмойишҳои силоҳи зериобӣ дар шаҳри Қарокӯли вилояти Иссиқ-кӯл, Озмойишгоҳи заминларза дар вилояти Ҷалолобод, Маркази мухобироти низомии воқеъ дар шаҳри Қароболтаи вилояти Чуй ва пойгоҳи ҳавопаймоии низомии мустаққар дар шаҳри Канти вилояти Чуй фаъолият доранд.

Кӯмаки низомии Русия ба Қирғизистон шомили мошинҳои зиреҳпӯш, васоили дифоъи зиддиҳавоӣ, силоҳи тирандоз ва муҳимоти ҷангӣ мебошад.
Мӯҳр
Точик
Як камтар дилу гурда низ аз авлодакашон Шойгу Кужугетович низ пурсанд, а то номи Шох Искандарову Мирзохучаро фахмида ба вохима галтиданд. Бархак овозаи Рустам бех аз Рустам. Агар Киргизистон бомби атоми низ бисозад моро наметарсонад....

Ба точик: э чура неки зур гуфти, кайф кардам гапотба!
Бовар кунед аз инчо бекори, хунуки, бепули, беадолати, ба замаш киргизу узбак проблема кунад, капашон сухтагиай!
худамон повод кофта гаштем эй киргизу узбак мо бо шумо дусти мехохем, бо мо душмани накунед ба саратон балоро наоред!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)