Бахшҳо
04 фев 2014 16:16Хабарҳои ҷаҳон

Дуюмин маймуни кайҳоннаварди эронӣ ба замин баргашт

Донишмандон ва мутахассисони соҳаи кайҳоннавардии Эрон барои бори дуюм маймун ё бузинаеро ба фазо фиристода, барои зинда баргаштани он ба замин муваффақ шудаанд. Ин маймун, ки аз он “Фаргом” ном бурда мешавад, тавассути ковишгари “Пажуҳиш” ба кайҳон фиристода шуда, баъд аз гардиши 15 дақиқа дар баландиии 120 километр ба замин дубора баргашт.

Дар ин муддат донишмандони соҳаи кайҳоннавардии Эрон тавонистаанд, нишонаҳои муҳити дарунии маҳмула ё худ капсуле, ки тавассути он “Фаргом” ба фазо сафар дошт, аз ҷумла, садову тасвир ва таркиби ҳавои дохилии онро сабт ва мавриди омӯзиш қарор диҳанд. Инчунин ба онҳо имкон шудааст, вазъи саломатии мавҷуди зинда, аз ҷумла тапиши қалбу шохисҳои таъйинкунандаи ҳолати умумии он дар тӯли парвозро бо дастгоҳҳои заминӣ муроқибат ва мушоҳида кунанд.

Мутахассисони эронӣ мегӯянд, ҳадаф аз фиристодани маймун, рушди соҳаи кайҳоннавардӣ ва гоми аввалине барои фиристодани инсон ба кайҳон мебошад. Онҳо бар инанд, ки партоби ин капсул бо шумули маймун ба фазо ва баргашти солими он ба замин дастоварди бузурги Эрон дар самти фиристодани инсон ба кайҳон арзёбӣ мешавад. Ба гуфтаи масъулини эронӣ, далели аслии фиристодани маймун ба кайҳон на ҳайвони дигар дар он аст, ки маймун ба инсон шабоҳати зиёд дорад: “Ҳайвоне, ки ба кайҳон фиристода мешавад, бояд ба иловаи қобилияти таълимпазирӣ хусусиятҳои физиологии он низ ба инсон зиёд монанд бошад, то чизҳои дидаву дониши касб кардаи худро ба одамӣ пешкаш кунад.”

Фиристодани маймун ба кайҳон аз сӯи донишмандони эронӣ бори аввал нест, онҳо моҳи феврали соли 2013 низ маймунеро ба кайҳон фиристода буданд. Вале баъд аз омӯзишу таҳқиоқти зиёд ва дастовардҳои ҷадид онҳо дубора барои фиристодани маймун ба кайҳон тасмим гирифтанд. Гуфта мешавад, ин дастоварди муваффақиятомези донишмандони кайҳонавард ҷойгоҳи Эронро дар фановарии ҳаёт дар кайҳон беш аз пеш собит мекунад.

Эрон бо партофтани нахустин моҳвораи комилан миллияш дар соли 2008 тавонист вориди бошгоҳи кайҳонии ҷаҳон шавад.
Мӯҳр
ahsan ba Iron odamhoro tamom kard boz maimunhoro ba kaihon firistod

мо лечик надорем ерони бузурги мо маймуноша ба кайхон равон мекунад

hamzabon
бараые хаммаые арыеа назадан.паёмбар ислам гофта ,агар елм дар сораыя башад , ираниян онра меамозанд.

nakho dar oyanda ay tojikoham kayhonavard nabroya

Муслим
Ассалому алайкум
Нафароне,ки зидди Эрон ва мардуми Эрон харф мезанед, бинед кани дар ховари миёна дигар ягон давлате хаст, ки фанноварихову рушди илму техникааш ба дарачаи Эрон расида бошад.
Давлатхои араб ва шайххои араб факат дар фикри кайфу сафову колексия мошину футболу , пойгаи шутуру таракану паша хастанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)