"Ҳабиби ман" - тарона ва албоми нави Фарзонаи Хуршед
Фарзонаи Хуршед, хонандаи попи тоҷик ба наздикӣ албоми нави худро вориди бозори шоу-бизнес хоҳад кард.
Ин маҷмӯа "Ҳабиби ман" ном дошта ва аз 12 тарона иборат аст. Фарзона суруди "Ҳабиби ман"-ро аз ин албом 14 феврал, ки бештар бо номи Рӯзи ошиқон маъруф аст, муаррифӣ карданист.
ТАРОНАРО ДАР ИН ҶО БИШНАВЕД
Фарзонаи Хуршед, духтари Сурайё Қосимова ва хоҳари Шабнами Сурайё аст. Моҳи феврали соли 2010 бо ҷурми мусоидат дар фирори дӯстписараш ба ду соли зиндон маҳкум шуда, бо назардошти қонуни авф баъди бештар аз як соли гушанишини зиндони занонаи Норак будан, моҳи августи соли 2011 раҳо гардид.
Баъди аз маҳбас озод шудан нахустин дастоварди Фарзона ҳунарнамоияш ба сифати меҳмон дар озмуни "Big Apple Awards"-и Амрико буд. 3 декабри соли 2011 Фарзона ҳамроҳи апааш Шабнам дар ин озмун ширкат ва таронаи “Баро-баро”-ро иҷро кард.
Дар соли 2012 Фарзона, Шабнам ва модарашон Сурайё барномаи бузурги консертиеро бо номи “Баъди борон” баргузор карданд.
Нахустин қадамҳои Фарзонаи Хуршед рӯйи саҳнаи шоу-биснес соли 2000-ум гузошта шудааст. “Ёр, биё, ёр”, “Модар”, “Гардаме”, “Дарди ниҳон”, “Ёрумо”, “Ҷӯраҷон”, “Эй ошиқон” ва “Чашмхумор” аз маъруфтарин таронаҳои ӯ то замони пушти панҷара рафтанаш ҳастанд. Дар ин миён чанд таронаи хонандаҳои эронзабон бо шумули хонум Гугуш "Оҳуи ишқ" ва Комрону Ҳумон "Маро бубахш"-ро низ бозхонӣ кардааст, ки ба обруяш афзуд.
Баъди раҳоӣ аз маҳбас Фарзона бештар бо Шабнам дуэт хондааст. “Баро-баро”, “Илоҳӣ” ва “Ёрам” аз маъруфтарини онҳоянд. Ҳамчунин, як таронаи сегона бо номи “Шукрона” ҳам доранд, ки муштаракан бо модарашон-Сурайё Қосимова хондаанд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |