Вазири умури хориҷаи кишвар баъд аз зӯҳри дирӯз Ҷованнӣ Риччулӣ, сафири фавқулодда ва мухтори Италия дар Тоҷикистонро ба муносибати анҷоми мӯҳлати кори дипломатиаш ба ҳузур пазируфт.
Тавре ба «Озодагон» аз вазорати корҳои беруна иттилоъ доданд, зимни нишаст Ҳамрохон Зарифӣ ба фиристодаи Рим дар Душанбе барои кори самарабахш ва бомуваффақияташ дар ростои таҳкими муносибати дуҷониба арзи сипос карда, қайд намуд ки ҳамкории Тоҷикистону Италия дар айни ҳол хушбинкунанда аст, аз ҷумла муносибати иқтисодӣ ва тиҷҷории дуҷониба қобили қабул арзёбӣ мешавад.
Ҳамзамон иброз гардид, ки дар оянда низ тавсеаи ҳамкориҳо имкон дорад ва аз имконияти мавҷуда то ҳанӯз пурра истифода нашудааст. Дипломати итолиёӣ дар навбати худ аз вазир ва вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон барои ҳамкориҳои муфид ва дастгирии ӯ дар кори сафирӣ изҳори қаноатмандӣ карда, ояндаи ҳамкориҳои ду кишварро дар бахшҳои мухталиф муфиду ба нафъи тарафайн арзёбӣ кард. {jathumbnail off}
Мӯҳр