Бахшҳо

(АКСУ ВИДЕО) Аз Бодканд то Оқсой: Марзи ноустувори Қирғизистону Тоҷикистон

Бо хотири парешон ба сафари хидматии ғайримунтазира ба вилояти Бодканд, ҳаммарз бо Исфараи Тоҷикистон, баромадам. Пеш аз ин сафарам хабарҳо дар бораи марзи Тоҷикистону Қирғизистон бисёр буд, ки гуфта мешуд, баъд аз тирпарронии 11 январ вазъ ноором асту низоми махсуси амниятӣ ҷорист.

НАҚЛИ МУОВИНИ ВАЗИРИ УМУРИ ДОХИЛӢ

Аммо вақте ба Бодканд омадам, ҳама ҷо ором буд ва дар бораи рӯйдоди чанд рӯзи пеш, ки шаш маҷрӯҳ ба ҷой гузоштааст, ҳеч гапу хабаре дида намешуд. Ба баста будани сарҳад нигоҳ накарда, сокинони Бодканд мисли рӯзҳои одӣ ба корҳои рӯзмарраи худ машғул буда ва савдою додугирифт мекарданд.

Танҳо навигарии як моҳи охир, ки рӯзҳои одии сокинони шаҳрро аз рӯзҳои то Соли нав фарқ мекунонд, ин ташрифи зиёди мақомоти болоии ҳукумат буд. Гуфтушунидҳо оид ба сарҳади Қирғизистону Тоҷикистон дар ин тарафи симхорҳо ҳам дар пойтахт ва ҳам дар Бодканд баргузор мешуданд. Чанд рӯз қабл нахуствазири Қирғизистон Ҷанторо Сотиболдиев ба Бодканд омада буд ва ҳоло муовини вазири умури дохилии Қирғизистон Курсан Асанов дар ин ҷо қарор дошт.

(АКСУ ВИДЕО) Аз Бодканд то Оқсой: Марзи ноустувори Қирғизистону ТоҷикистонАсанов маро бо чеҳраи боз қабул карда, дар бораи гуфтушуниди бобарор бо ҳамтои тоҷики худ Искандар Раҷабов ва мулоқоти сардори штаби Хадамоти марзбонии Қирғизистон Искандар Мамбеталиев бо намояндаи хадамоти сарҳадии Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ нақл кард. Ӯ гуфт, ҷонибҳо ба мувофиқа омаданд, то нерӯҳои иловагиро аз назди сарҳад дур баранд ва ҳоло дар вилояти Бодканд танҳо кормандони штатии Раёсати умури дохилӣ бо низоми одӣ тартиботи ҷамъиятиро назорат мекунанд.

“Дар мулоқот бо намояндаи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мо комилан ба тафоҳум расидем, ки ҳамкориро дар сарҳад ба хотири нигаҳдории оромӣ дар минтақаи наздисарҳадӣ таҳким бахшем. Алҳол кормандони мо бо ҳамтоёни тоҷикашон алоқаи зич дошта дар бораи ҳамагуна дигаргуниҳо якдигарро огоҳ мекунанд. Гузашта аз ин, дар манотиқе, ки қирғизҳо ва тоҷикон бо ҳамдигар зиндагӣ мекунанд, мо патрулҳои якҷоя ба роҳ мондаем”,-гуфт Асанов.



РОҲИ АЛОҲИДА, ХАТТИ БАРҚ ВА ОБ

Раиси вилояти Бодканд Жениш Раззоқов таъйид кард, ки вазъ дар вилоят ба эътидол омадааст. Ба қавли ӯ, талаби ягонаи сокинони манотиқи наздисарҳадӣ, ки муҳлати зиёдро талаб мекунад, ин ҳалли масоили тақсим ва аломатгузории сарҳад аст. “Раванди делимитатсия як раванди дуҷониба ва мушкил аст, аммо ҳоло сокинони манотиқи наздисарҳадӣ бояд бо лавозимоти аввалӣ – роҳи алоҳида, хатти барқ ва об таъмин шаванд, то чунин бархӯрдҳо дигар рух надиҳанд”,-гуфт Раззоқов.

(АКСУ ВИДЕО) Аз Бодканд то Оқсой: Марзи ноустувори Қирғизистону ТоҷикистонРаиси вилоят марзи Сухро ҳамчун намунаи хуби ҳалли мушкилоти наздисарҳадӣ мисол овард. Он ҷо як сол пеш миёни аҳолии наздисарҳадӣ ҷанҷолҳо сар мезаданд, аммо пас аз гузарондани хатти алоҳидаи барқ, об ва роҳ, ҳама ором шуданд. Ба қавли Раззоқов, барои вилояти Бодканд муҳим аст сулҳ бо тоҷикон пойбарҷо бошад. “Дар Бодканд ҳудуди 25 тоҷики қирғизистонӣ зиндагӣ мекунанд, ки минтақаи зисти онҳо на фақат назди сарҳад, балки манотиқи дигар, ба монанди Лайлак, Адирак, Қадамҷой ва Учқӯрғонро дар бар мегирад. Агар вазъ дар сарҳад муташанниҷ гардад, миёни аҳолии вилоят низ метавонанд ҷанҷолҳо сар зананд”,-гуфт ӯ.

МАРЗ КАЙ БОЗ МЕШАВАД?

Ҳарду курсинишинони қирғиз натавонистанд гӯянд, ки сарҳад кай боз мешавад. Танҳо гуфтанд, ки ҷавоби ин суол ба салоҳияти эшон ворид намешавад. Ҳоло боркашонӣ миёни Қирғизистону Тоҷикистон боздошта шудааст. Ба Тоҷикистон тариқи Қирғизистон маводи молиданӣ, сӯхт, ангишт, селитр, либос ва маводи ғизоӣ ворид мешуд. Пас аз баста шудани сарҳад, мошинҳои боркашон маҷбур шуданд ё ба пойгоҳ баргарданд, ё бо роҳҳои дигар борашонро ба манзил бирасонданд.

Дар васоити ахбори омма борҳо оиди мошинҳои зиёди паси сарҳади Қирғизистону Тоҷикистон навиштаанд, аммо на даҳу на садҳо мошинро дар Бодканд надидам. Вақте кӯшидам маълум кунам, ки мошинҳо куҷо шуданд, амалдорон гуфтанд, шояд ба пойгоҳашон баргаштаанд. Мувофиқи маълумоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон, дар соли 2012 аз гузаргоҳи сарҳади Қирғизистону Тоҷикистон зиёда аз 14 ҳазор мошини боркаш гузаштаанд, аммо дар соли 2013 ин шумора ба 15 486 расидааст ва ин 15,1% кулли мошинҳоеро ташкил медиҳад, ки аз сарҳади ин ду кишвар убур намудаанд.

(АКСУ ВИДЕО) Аз Бодканд то Оқсой: Марзи ноустувори Қирғизистону ТоҷикистонБорҳо асосан аз ангишт, селитр, сӯзишворӣ ва маводи молиданӣ иборат мебошанд, ки аз Қирғизистон, ҳамчунин Қазоқистону Русия, ба Тоҷикистон содир карда мешаванд. Бастани сарҳад ба кори ширкатҳои боркашон зарар расонд. Аммо баъзе сокинони Бодканд аз баста шудани сарҳад хурсанд ҳам шудаанд: дар натиҷаи чунин кор, нархи ангишт ва биринҷ, ки одатан ба кишвари ҳамсоя содир мешуд, поин рафтааст. “Баста будани сарҳад ба фоидаи мост. Нархи ангишт аз 9 ба 5 сом арзон шудааст. Ман имрӯз 300 кило харидам, ин хуб аст!”,-мегӯяд Рашид, сокини Бодканд.

“МАССТЕИН ЖЕРИ”

“Масстеин жери”деҳаи хурдест иборат аз 17 хона, ки дар иҳотаи сарзамини Тоҷикистон қарор гирифтааст. Сокинони деҳ ба мактаб, ки се километр дуртар аст, бо роҳи Тоҷикистон мераванд ва ҳатто обро аз ягона ҷӯйборе мегиранд, ки дар панҷметрии хатти шартии марз аст. Муносибати қирғизҳо бо ҳамсоягони тоҷик 27 апрели соли гузашта вайрон шуд. Он рӯз миёни сокинони Ворухи Тоҷикистон ва сохтмончиёни қирғиз ҷанҷол шуда буд. Дар натиҷа, чанд сокини Қирғизистон ва ду пулиси тоҷик захмдор шуда буд.

Хонаи Карим Сафаров, пири деҳ, бевосита дар сарҳад ҷойгир аст: аз девори пушти хонаи ӯ Тоҷикистон сар мешавад. 27 апрел хона ва мошини ӯ низ сӯхта буданд. Ҳоло хона таъмир шудааст, аммо муносибат бо ҳамсоягон хуб нашуд. Карим хотироти хубе дорад аз замони Шӯравӣ, ки сарҳад вуҷуд надошт. “Пас аз пош хӯрдани Иттиҳод бошад, муносибот фақат бад мешаванд. Ҳамсояҳо дигар бо ҳам салом намекунанд ва якдигарро ба маросими оилавӣ, мисли он замонҳо, даъват намекунанд”,-ҳасрат мехӯрад Карим.

(АКСУ ВИДЕО) Аз Бодканд то Оқсой: Марзи ноустувори Қирғизистону ТоҷикистонКарим дар бораи ҳамхидмати тоҷики худ аз ҳамсояқишлоқ нақл мекунад, ки бо ӯ дар соли 1968 дар Чехославакия якҷоя хизмати ҳарбиро адо намудааст. “Тамоми муҳлати хизмати ҳарбӣ якҷоя будем, аммо ҳоло назди одамон ҳатто наметавонем бо ҳам салом кунем, фақат вақте танҳоем салом ва аҳволпурсӣ мекунем.” Ба Карим монандҳо кам нестанд; барои нафаре тоҷикон ҳамсояанд, барои дувумӣ – дӯст, саввумӣ бошад дар Тоҷикистон хеш дорад – миёни қирғизони Тоҷикистон. Бо сабаби баста будани сарҳад, мо наметавонем ҳамдигарро аёдат кунем. Агар тӯй шавад, ё Худо накарда касе бемор шавад ё даргузарад, бояд он ҷо бошем”, - мегӯяд Оиша.

Ҳангоме ман бо калонсолон гап мезадам, кӯдакон аз ҷӯйбори ягона, ки дар қаламрави Тоҷикистон аст, об мегирифтанд. Назди чор хонаи наздисарҳадӣ ҳарбиҳо шинакҳои одӣ сохтаанд, то дар сурати ҳуҷуми Тоҷикистон, оташи ҷавобӣ кушоянд. Ин ягона нишони муташанниҷ шудани ҳолати сарҳади ноустувор аст.

“БАРОДАР, СОАТИ ЧАНД БА ПАТРУЛ МЕБАРОЕД?”

Дар маркази Кӯктош нуқтаи сарҳадбонӣ мавҷуд аст ва патрули қирғиз аз он нуқта кори худро оғоз мекунад. Ду бор дар рӯз онҳо ҳамроҳи сарҳадбонони тоҷик ба патрули сарҳад мепардозанд. Вақте фаҳмиданд, ки аз Бишкек омадаам, сарҳадбон ба ҳамтои тоҷики худ занг зада пурсид: “Бародар, соати чанд ба партул мебароед?”

Дар ҳамин вақт тоҷике аз чоҳи назди посгоҳи сарҳадбонон об мегирад. Амир дар ин деҳа тамоми умр зистааст, дар ҳамин ҷо таваллуд ва калон шудааст, бинобарин аз сарҳадбонон аслан наметарсад. “Ҳаётамон хуб аст, ба корҳои одии худ машғулем”,-мегӯяд Амир. Ба суоле, ки оё ӯ барои бехатарии худ хавотир ҳаст, Амир бо боварӣ ҷавоби рад дод. “Чанд сол аст ин ҷо истиқомат дорем, аз чӣ тарсем?” – ба гурӯҳи қирғизҳое, ки суҳбати моро гӯш мекарданд, нигоҳ карда мегӯяд Амир.

ДАР МЕҲМОНИИ ҶАМИЛА

(АКСУ ВИДЕО) Аз Бодканд то Оқсой: Марзи ноустувори Қирғизистону ТоҷикистонПас аз рафтани Амир дари хонаи наздиктаринро задам, аммо касе дарро накушод. Чуноне маълум шуд, соҳибони хона ҳанӯз дар рӯзи тирпарронӣ ба хонаи хешу табори худ рафта, то ҳол бар нагаштаанд.

“Духтари онҳо чанд сол аст ҳамсари ман аст, агар хоҳед, ӯро ҷеғ (фарёд) мезанам”,-бо лабханд гуфт ҷавони қирғиз, ки кӯшиши маро медид. Ҷамила Жакипова маро ба хонаи худ даъват намуда гуфт ҳамсояҳои тоҷикро ҷеғ мезанад. Худи Ҷамила муаллимаи забони русӣ аст, аммо ба забони тоҷикӣ озодона гап мезанад. Дар он сӯи кӯча оилаи тоҷикон зиндагӣ мекунанд. Ба монанди Кӯктош, инҷо низ сари ҳар қадам паси хона аллакай қаламрави Тоҷикистон аст. Ҷамила бо ҳамсоя дӯстӣ дошта, бо онҳо зиёд рафтуомад мекунад.

“Зани Умедҷон ҳамшираи тиббӣ аст, дар сурати беморӣ ба мо ӯ сӯзандору мегузаронад”,-нақл мекунад Ҷамила. “Агар сарҳад гузаронанду миёни хонаҳо симхор кашанд, корҳо вазнин мешаванд”,-нигаронӣ кард ӯ.

Умедҷон ҳамроҳи духтараш Рамила ба кӯча баромад. Ӯ гуфт, шабакаҳои қирғизиро тамошо намекунад, бинобарин оид ба навигариҳо аз забони ҳамсояҳои қирғизаш огоҳ мешавад. “Аз ин ҷо дуртар зиндагӣ мекардем, аммо бо гузашти вақт ба ин ҷо кӯчидем, ба назди хатти сарҳад”,-мегӯяд ӯ. “Вақте тирпарронӣ ва задухӯрд мешавад, ҳамсояҳо аз ҳарду ҷониби хат ба хонаи хешонашон мераванд, аммо зуд бармегарданд. Хона ва хоҷагиро барои муддати зиёд партофта рафта намешавад”,-илова кард Умедҷон.

Кӯдакони ҳамсоя, чи тоҷику чи қирғиз, бо ҳам бозӣ мекунанд. Умед забони қирғизиро мефаҳмад, аммо худаш гап зада наметавонад. Ҳоло ҳатто чизҳои зарурияшро аз фурӯшгоҳи қирғизҳо мехарад. Духтараш чанд калимаи қирғизиро аз кӯдакони ҳамбозиаш ёд гирифтааст.

ТАҚСИМ? ЧӢ ГУНА?

(АКСУ ВИДЕО) Аз Бодканд то Оқсой: Марзи ноустувори Қирғизистону ТоҷикистонСарҳад ин ҷо танҳо бо як роҳ ифода шудааст, ки он ҳам роҳи умумӣ барои ҳамсоягони ҳарду ҷониби хат аст. Ҳар рӯз кӯдакон бо як роҳ ба мактаб мераванд. -Миёни кӯдакон нофаҳмиҳо мешавад,-мегӯяд Ҷамила. – Ман ҳоло зарурати забони русиро хуб мефаҳмам. Пештар забони русиро ҳама медонист ва ҳамдигарро хуб мефаҳмид, аммо ҳоло забони русиро хеле кам аз худ мекунанд, мактаббачагон ба русӣ хеле бад гап мезананд. Шояд нафаре аз онҳо ба забони худ нисбати дигарӣ чизи хубе гуфта бошад, аммо аз сабаби нафаҳмидани забон, дувумӣ гумони бад карда ин суханонро ҳамчун гапи қабеҳ қабул мекунад ва ҳамин нофаҳмӣ сабаби ҷанҷоли кӯдакон мешавад.”

Бо вуҷуди ин ҳама, Ҷамила мегӯяд, сокинони ду тарафи хатти шартии марз бо ҳам унс гирифта, солҳои сол аст, ки шоҳиди шодиву ғами якдигаранд ва ҷудоӣ барояшон осон нахоҳад буд. Бино бар ин, онҳо намедонанд, як роҳро, оби як ҷӯйборро чигуна метавон миёни ҳам тақсим кард.

Наргиза РИСКУЛОВА,
махсус барои "Озодагон"


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Насибҷон
"Дар Бодканд ҳудуди 25 тоҷики қирғизистонӣ зиндагӣ мекунанд, ки минтақаи зисти онҳо на фақат назди сарҳад, балки манотиқи дигар, ба монанди Лайлак, Адирак, Қадамҷой ва Учқӯрғонро дар бар мегирад..." Шояд 25 ҳазор бошад...

Масъудшох
Оре хато шудааст беш аз 25 хазор аст!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)