Бахшҳо
04 фев 2014 09:39Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Хитоиҳо миллионҳоро аз мақомоти тоҷик пинҳон кардаанд

Оҷонсии мубориза бо фасод танҳо дар моҳи аввали соли 2014-ум алайҳи 4 шаҳрванди воломақоми Чин дар Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ кушодааст, ки миллионҳо даромадашонро аз давлат панҳон карда, аз андоз “гурехтаанд.”

Дар қатори андозгурезҳо инчунин роҳбарияти корхонаи муштараки “Зарафшон” ном бурда, мешавад, ки 75 дарсади саҳмияҳояш моли Чин буда, калонтарин тавлидкунандаи тилло дар Тоҷикистон мебошад.

Оҷонсии мубориза зидди фасод мегӯяд, дар пайи санҷиш муайян шудааст, ки мудири кулли “Зарафшон” Ли Фен ва мудири моляивии ҷамъияти мазкур Лю Даоин, аз моҳи январи соли 2010 то июли соли 2012 бо роҳи пешниҳоди маълумоти дурӯғ аз пардохти андоз саркашӣ намудаанд: “Масъулини андоз ҳисоб кардаанд, ки андози пардохтнашудаи ин корхона 3 миллиону 366 ҳазор сомониро ташкил додааст, ки он бо назардошти муҷозоти молиявӣ 3 миллиону 950 ҳазорро ташкил медиҳад.”

Манбаъ таъкид мекунад, ки феълан алайҳи Ли Фен ва Лю Даоин парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Ин дар ҳолест, ки ба иттилои Оҷонсии зидди фасод пинҳон кардани даромад дар корхонаи дигар, “Ширкати саноати куҳии Тоҷикистону Чин” ба маротиб бештарро ташкил медиҳад.

Ба иттилои ин ниҳод мудири “Ширкати саноати куҳии Тоҷикистону Чин”, Чен Ин Сян ва сармуҳосиби ҷамъияти мазкур Ло Цзян Хуа аз 1 январи соли 2010 то июли соли 2012 бо роҳи ба эъломияҳои андоз дохил намудани маълумоти таҳрифшуда, аз пардохти андоз ба миқдори махсусан калон саркашӣ намудаанд: “Масъулини андоз ҳисоб кардаанд, ки дар замони фаъолият ин ширкат дар ҳаҷми 13 миллиону 182 ҳазор сомониро пардохт накардааст, ки бо дарназардошти муҷозоти молиявӣ маблағи 17 миллиону 431 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.”

Ин ниҳод афзуд, ки алайҳи Чен Ин Сян ва Ло Цзян Хуа парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.
Мӯҳр
Dунё хамин хел будааст мо мардуми худамонро фиреб медихем ачнабиён моро. Окибату охират бахайр шавад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)