Бозомӯзии ақидаи Ҳанафия аз сӯи имом-хатибони тоҷик
Имом-хатибони масоҷиди ҷомеи шаҳри Душанбе барои омӯзиши дубораи ақоиди мазҳаби Ҳанафия муваззаф шуда, дар Маркази исломии кишвар курси бозомӯзӣ мегузаранд. Ин марҳалаи омӯзишии имом-хатибон рӯзи 3 феврал оғоз шуда, тӯли ду моҳ давом хоҳад кард.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Маркази исломии Тоҷикистон рӯзи 3 феврал гуфтааст, ин курси бозомӯзӣ тақрибан ду моҳ тӯл кашида, дарсҳо бошанд, ҳафтае ду бор муқаррар гардидаанд.
Ба гуфтаи Абдулқодирзода, худи ӯ ва бархе устодони дигари соҳа барои имом-хатибон дар бораи мавзуъҳои баҳсии шариат, ки боиси ихтилофоти миёни мазҳабҳост, дарс мегӯянд. Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии кишвар мегӯяд, ҳадаф аз бозомӯзии ақидаи Ҳанафия аз сӯи имом-хатибон ҷилавгирӣ аз паҳн гардидани равияҳои бегонаи динӣ ва баланд бардоштани савияи дониши онҳо барои фаҳмонидани ҷомеаи мазҳабии тоҷик мебошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |