Амрико алайҳи сарбандҳои бузург. Бонки ҷаҳонӣ бо Роғун чӣ хоҳад кард?
Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, қонунеро имзо кард, ки бар пояи он амрикоиҳо дар мудирияти созмонҳои молиявии байналмилалӣ уҳдадоранд, алайҳи бунёди сарбанд (плотина)-ҳои бузург дар ҷаҳон баромад кунанд.
Тибқи иттилои расонаҳои хориҷӣ, шаҳрвандони Амрико дар созмонҳои байналмилалии бонуфуз бояд алайҳи тасвиби ҳар гуна ҳуҷҷату сармоягузорие баромад кунанд, ки ба бунёди сарбандҳои бузург равона шудааст. Ин дар ҳолест, ки Амрико аз саҳмдорони асосӣ дар созмонҳои молиявии бонуфуз, аз ҷумла Бонки ҷаҳонист, ки феълан ба омӯзиши тарҳи сохтмони нерӯгоҳи барқи обии “Роғун“ машғул мебошад.
Бар асоси ёддоште, ки Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дошт, ин ниҳоди молиявӣ дар сурати натиҷаҳои мусбати ташхиси Роғун ваъда дод, ки барои анҷоми сохтмони он сармоягузорҳоро ҷалб хоҳад кард. Сарбанди Роғун бо баландии 335 метр дар назар аст, ки баландтарин дар ҷаҳон хоҳад буд. Ин лоиҳа дар ҳоле ки калиди мушкилоти иҷтимоӣ-иқтисодии минтақа арзёбӣ мешавад, мояи нигаронии Узбакистон гардидааст.
Тошканд иддао дорад, ки “Роғун” кишварҳои поёнобро беоб мегузорад, аммо мақомоту коршиносони тоҷик бо ироаи далелҳо онро қатъиян рад карда ва гуфтаанд, дар сурати бунёди нерӯгоҳи Роғун кишварҳои поёноб, аз ҷумла Узбакистонро ташналаб нахоҳанд гузошт.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |