Гирдиҳамоии кормандони "Уш-тв" дар рӯбарӯи бинои Кумитаи амният
Кормандони шабакаи телевизионии “Уш-тв”-и Қирғизистон дар эътироз ба боз шудани парванда ба итиҳоми маҳалгароӣ алайҳи ин шабака даст ба тазоҳурот задаанд.
Тибқи иттилои расонаҳои қирғизӣ, субҳи 3 феврал беш аз 20 нафар кормандони ин шабака дар рӯбарӯи бинои Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон гирдиҳам омадаанд. Манбаъ мегӯяд, шахсони гирдиҳам омада бидуни ҳеч кадом даъвое дар даст шиорҳои “Озодии баён-сарчашмаи демократия” дошта, даҳонҳои худро бо коғаз бастаанд.
Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон охирҳои моҳи январи соли ҷорӣ алайҳи шабакаи телевизионии “Уш-тв” ба иттиҳоми тарғиби маҳалгароӣ парвандаи ҷиноӣ боз карда буд.
Ин ниҳод мегӯяд, аз 8 то 15 январи соли ҷорӣ дар барномаҳои шабакаи мазкур паёмакҳое пахш шудаанд, ки хусусияти тарғиби маҳалгароӣ дошта, сокинони ин кишварро ба шимолию ҷанубӣ ҷудо менамуд. Ин дар ҳолест, ки Эрнис Киязов, мудири кулли телевизиони “Уш-тв” ин иддаои Кумитами амнияти кишварашро рад карда, мегӯяд, кормандони ӯ танҳо вазифаи худро дар доираи ҳуқуқи озодии баён иҷро кардаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |