Бозии ду бародари ноболиғ бо куштор анҷом ёфт
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, бозии ду бародари ноболиғ дар ноҳияи Ёвон бо куштор анҷомид.
Тибқи иттилои манбаъ рӯзи 1-уми январи соли равон, тахминан соати 15:00-дақиқа ноболиғ Ҷамолиддини Садриддин соли таваллудаш 1998, хонандаи синфи 9-уми мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №14-и ноҳияи Ёвон, сокини деҳаи Чаманзор, дар хонаи истиқоматиашон бо корд дар даст бо бародараш Фазлиддини Садриддин соли таваллудаш 1996, бозӣ кардааст, ки дар натиҷа аз беэҳтиётиаш корд ба қафаси синаи бародараш даромадааст.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон таъкид мекунад, ки дар натиҷа Фазлиддини Садриддин ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст: “Феълан далели шайъӣ-корди ошхонагӣ гирифта шуда, ин ҳодиса мавриди санҷиш қарор дорад.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |