Бахшҳо

“Ал-Ярмук”-и Яман далели бохташ ба “Равшан”-ро шарҳ дод

Дастаи футболи “ал-Ярмук”-и Яман сабаби нокомияш дар бозии 2 феврал бо Равшан”-и Тоҷикистонро шарҳ дода, номусоидии боду ҳавои кишвари мизбон ва ҳисоби зарбаи ҷаримавӣ бар муқобилашро далел овардааст.

Муҳаммад ан-Нафиъӣ, сардори дастаи “ал-Ярмук” дар суҳбат бо расонаҳои арабзабон гуфтааст, натиҷаи бозиро, ки то 70 дақиқаи аввал хуб арзёбӣ мешуд, ҳисоби зарбаи ҷаримавии ба нафъи “Равшан” ранги дигар бахшид. Ба гуфтаи ан-Нафиъӣ, ба инобат гирифтани ин зарбаи ҷаримавӣ ва берун кардани Иброҳим Ҷиҳома, ки ӯ бар асари бориши барфи зиёд лағжида дасташ ба тӯб расида буд, ноодилона мебошад.

Сардори дастаи “ал-Ярмук” изҳор доштааст, ки бозигарони тимаш чандин бор ҳамлаҳои пайдарпай ба дарвозаи ҳарифи худ анҷом дода буданд: “Вале, мутаассифона, номусоидии боду ҳаво ва бориши барфи зиёд, ки бозигарони мо ба ингуна ҳаво одат накардаанд, имкон надод, ҳадафи худро то охир расонанд.”

Дастаи “Равшан”-и Кӯлоб, қаҳрамони дукаратаи футболи Тоҷикистон, дар бозӣ бо “ал-Ярмук”-и Яман, ки баъд аз зӯҳри дувуми феврал дар варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода дар доираи даври плей-оффи Ҷоми АФК-2014 доир гардид, бо ҳисоби 2:1 пирӯз омад. Бозии “Равшан”-у “ал-Ярмук” қарор буд, соати 13:00 баргузор шавад, аммо барфи зиёд дар варзишгоҳ сабаб шуд, ки бозӣ як соат дертар оғоз гардад.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Jam
Bahonai kampiri guzina Noni javin megan ku))

бурду бохташ майлашу, лекин бемаърифат будани худро ҷониби Тоҷикистон дар ҳаминҷоҳам нишон дод. сухангу факат тарафи онҳоро сийоҳ мекурду тарафи моро таъриф. аз ҳама бадаш футболбози дастаи ал-Ярмукро аз насилка афтонданд хай ҳаминда аку кори мо маълум.

парвиз
ман худ ховодори футбол хастам,аммо футболе ки тамоми чахон аз он халоват мебарад.дируз аз ночори футболи Равшан ва Ал ярмукро тамошо кардам ва бори дигар бовар кардам ки сатхи футболи мо дар кадом холат аст.ин як шармандаги буд. ягон коида риоя намешудуд.бози дар сатхи кучаги доир шуд.мо дар футбол камаш ба 50-100 сол кафо мондем

Jovidon
Озодагон сухани дуруг нанависед. Шуморо намезебад. Тамоми гапхои мураббии Ал- Ярмукро ман тарчума кардам. Ингуна гап харгиз назад, ки лагжида туб тасодуфан ба дасташ расид... Ин суханро нагуфтанд...

Равшанчон
Бо ду дасташ тубро баркасдона ва хадафмандона баргардонд, пас карори баровардаи довар талаботи кавонини футбол буд. Лекин дар чанд холате, ки бозингарони ямани худро бе хеч расиши ракиб ба замин мепартофтанду ба истилох "симуляция" мекарданд, хеч якеро довар корти зард нишон надод, агарчи сад дар сад хукук дошт. Ба хар хол бозии "Равшан" дар хакикат оли буд. Бахилчахои "худи", худшинос бошед. Аз суханхоятон маълум аст аз футбол хеле дуред.

бонаи зани гузин нони чавин

Яъкуб.
Дар масъалаи чаримаи 11метра дар хакикат бо даст бози кард бозингари ракиби Равшан .Аммо бояд икрор шуд,ки дастаи ракиб аз дастаи Равшан дида бозии хубтару бехтар дошт....

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)