Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз дармондани мошин дар роҳҳо
Кумитаи ҳолатҳои фавқуллоддаи Тоҷикистон дар пайи барфрезии шадид аз шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар хостааст, ба хотири гурез аз нохушиҳо ба навоҳии куҳистон сафар накунанд.
Ин дар ҳолест, ки ба иттилои Вазорати нақлиёти кишвар субҳи имрӯз, 3-юми феврал дар роҳи Душанбе-Чаноқ тарма фаромадааст, ки дар натиҷа феълан даҳҳо мошин аз ду тараф дармондаанд.
Баробари ин ронандаҳои мошинҳои боркаши самти Душанбе-Хоруғ ба “Озодагон” гуфтанд, се рӯз боз ба далели тарма дар ноҳияи Дарвоз дармонданд.
Барфрезию сардӣ Тоҷикистонро аввали моҳи феврал фаро гирифта, интизор меравад, ки танҳо баъди 5-уми феврал паси сар хоҳад шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Феврал 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | |