Гурез аз сардӣ дар Хатлон бо марги зан анҷомид

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, сардии шадиди ҳаво дар кишвар ба он овардааст, ки шаҳрвандон барои гармшавӣ аз усулҳои гуногуни хатарнок истифода мекунанд, ки дар бархе ҳолатҳо ба марг меанҷоманд.
Ба иттилои ин ниҳод чунин як ҳолат рӯзи гузашта, 2-юми феврал дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон сабт шудааст: “Санаи 2 феврал, тахминан соатҳои 15:00-дақиқа ронандаи автомашинаи «Хундай-Портер», Каримов Ҷумабой, соли таваллудаш 1959, ҳамсараш Ҷураева Гулнора, соли таваллудаш 1963 ва Абдулҳатова Фараҳноз Бекмуродовна, соли таваллудаш 1993-ро, ки дар бозори ноҳияи Вахш ба соҳибкорӣ машғул будаанд, савор карда бо мақсади гармшавиашон дар дохили сатил як миқдор лахчаи сӯзони ангиштсангро дар наздашон гузошта, аз назди бозори Гулистон ба сӯи ноҳияи Вахш ҳаракат мекунанд.”
Вазорати умури дохилӣ меафзояд, ки дар роҳ ронанда Каримов Ҷумабой мехоҳад ба автомашинааш маводи сӯзишворӣ резад ва дари бордонашро кушода мебинад, ду зани мусофираш заҳролуд шудаанд: “ Ҳангоми ба беморхона бурдан Абдулҳатова ба ҳалокат расида, Ҷураева бошад, дар беморхона бистарӣ мегардад.” Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Феврал 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | |