Бахшҳо

Эҳзори Сафири Қатар ба хотири хутбаи Юсуф Қарзовӣ

Имороти Муттаҳидаи Араб (ИМА) дар робита ба хутбаи ахири Юсуф Қарзовӣ, раиси Иттиҳоди уламои мусулмонони ҷаҳон сафири Қатар дар Абу Дабиро эҳзор намуд. Қарзовӣ дар хутбаи ҳафтаи гузаштааш мақомоти иморотиро зидди аҳком ва арзишҳои исломӣ хонда буд.

Тибқи иттилои шабакаи телевизионии “ал-Ҷазира”, Форис Наимӣ, сафири Қатар дар Абу Дабӣ рӯзи 2 феврал ба вазорати умури хориҷии ИМА эҳзор шудааст. Анвар Қарқош, вазири умури хориҷии ИМА дар мулоқот бо Наимӣ гуфтааст, кишвараш аз минбар додани мақомоти Қатар ба ашхоси ба мисли Қарзовӣ, ки ҳамеша зидди сиёсатҳои ИМА сухан меронад,нигарон аст.

Вазири умури хориҷии ИМА илова кардааст, ки ҳар чанд борҳо бо ҳамтоёни қатарияш дар ин бора тавассути телефон гуфтугӯ доштанд, вале посухҳои мақомоти Давҳа онҳоро қонеъ накардааст: “Вазорати умури хориҷии Қатар бо пахши як изҳороти расмӣ иктифо кард, ки суханҳои Қарзовӣ мавқеи расмии Қатар нест, вале нагуфт, ки ингуна хутбаҳо алайҳи иморот дар оянда хоҳад шуд ё не?”

Раиси Иттиҳоди уламои мусулмонони ҷаҳон Қатар, ки муқими Қатар аст, ҳафтаи гузашта дар хутбаи намози ҷумъа мақомоти ИМА-ро зери тозиёнаи танқид қарор дода, гуфта буд, онҳо зидди аҳком ва арзишҳои исломӣ ва пайравони ин динро зиндонӣ мекунанд.

Дар пайи мухолафатҳои зиёди ИМА ба ин гуфтаҳои Қарзовӣ Давҳа низ бо пахши як иттилоияи расмӣ гуфта буд, суханҳои Қарзовӣ назари шахсии ӯ буда, ҳеч гоҳ мавқеи расмии Қатарро ифода намекунад ва ҳар гоҳ Давҳа сухане гуфтанӣ бошад, тавассути телевизионҳои расмияш садо хоҳад кард.
Мӯҳр
Донишчу
Дар хакикат устод Юсуф К,рост мегияд о ин ба хама маълум аст!

гр-TJ
Агар хамаи шайххои Ислом монанди ин шайх Карзови баромад мекардан,мусулмонони дуне хор намешуданд

IMA ____in davlatcha ki 2 million aholi dorad chiguna etavonad bo Mist ki 92 million aholi dorad raqobat kunad? 3 jazirai IMA to holo ham zeri tasarufi Eronand vale to hol yagon muqovimat nishon namedihad ...Qasrhoi amironro askaroni morinzi amrikoi posboni mekunand....

фаррух
салом ба хама мусалмонони руй замин агар хамаи ин емом хатибони чумхурии мову шумо агар ба мисоли карзови мучохид мешуд имруз исдом дар ин ватан хор намешуд ва аз озодагон хохиш дорам агар озоди бошад ин хатхои маро сабт кунед

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)