Роҳҳои норӯфта ва интизориҳои тӯлонӣ дар ҳавои сарди Душанбе (АКС)
Бориши барфи зиёд ва саривақт тоза нашудани аксарияти роҳҳои шаҳри Душанбе, имрӯз, 3-юми феврал, ки ба оғози таҳсил дар макотиби миёнаю олӣ рост омад, ҳаракатро дар пойтахти Тоҷикистон мушкил кард. Теъдоди зиёди мусофирон, ки имрӯз аз ҳисоби талабаю донишҷӯҳо афзуд, соатҳо дар канори роҳ дар интизори нақлиёт монданд. Ронандаҳо роҳҳои норуфтаи Душанберо далел оварда, таъкид намуданд, ки дар чунин вазъ маҷбуранд бо суръати хеле паст ҳаракат кунанд.
Бефаъолиятии мақомоти коммуналии Душанбе дар ҳолест, ки обуҳавошиносон ҳанӯз чанд рӯз пеш аз сардию барфрезӣ дар Душанбе ҳушдор дода буданд.
Хабарнигори “Озодагон” вазъи роҳу ҳоли мусофиронро субҳи имрӯз, 3-юми феврал дар кӯчаҳои Душанбе аксбардорӣ намуд, ки инак пешниҳоди Шумо мекунем. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |