Омбудсмени тоҷик гап намезанад. Омбудсмени қирғиз ваъда дод, ки...
Намояндаи Омбудсмени тоҷик, Зариф Ализода, ба суоли “Озодагон” дар бораи он ки барои ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони кишвар дар Қирғизистон чӣ кор хоҳад кард, посух надод. Дар пайи тирпаронии 11 январи соли ҷорӣ миёни марзбонҳои тоҷику қирғиз ҳаққи шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин кишвар, бахусус ҳангоми убуру мурур, нақз мешавад.
Раҷабмоҳ Баҳриддинова, намояндаи Омбудсмени тоҷик, ба ҷои посух гуфтан ба ин суол моро ба нишасти хабарияшон, ки чаҳор рӯзи баъд, яъне 7 феврал, доир хоҳад шуд, даъват кард. Ӯ гуфт, то он замон ба ҳеч суоле посух намегӯянд.
Ин дар ҳолест, ки Бакит Амонбоев, Омбудсмени Қирғизистон, дар сӯҳбат бо “Озодагон” ваъда дод, ин қазияро баррасӣ карда, ҳатман расидагӣ хоҳад кард. “Ман бори аввал дар ин бора мешунавам. Аввал бояд дақиқ кард, ки ин хабар то куҷо воқеият дорад ва то куҷо овоза аст. Ман имрӯз ҳатман аз пайи ин масъала шуда, баъдан бароятон ҷавоб хоҳам гуфт”,-афзуд Омбудсмени қирғиз. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |