Хабарнигори “Озодагон” субҳи севуми феврал аз фурудгоҳ хабар дод, ки толори интизории мусофирон пур буда, бархе дар фаршҳо нишастаанд. Мусофирон аз он шикоят кардаанд, ки масъулини ширкатҳои ҳавопаймоӣ ҳатто аз ҳоли онҳо хабар нагирифта ва ё пешакӣ онҳоро аз мутаваққиф шудани парвозҳо огоҳ накардаанд.
Мансур Назаров, ки барои хатсайри Душанбе-Самара аз ширкати “Уралские авиалинии” билет гирифтаасту бояд соати 20:00-и 2 феврал парвоз мекард, дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, аз соати 18:00-и дирӯз дар фурудгоҳ қарор дорад. Ӯ изҳор дошт, натанҳо ӯ, балки занон низ шабро дар сардӣ рӯз карданд, чун бисёрашон аз навоҳӣ омадаанду ҷое барои рафтан надоранд.