Эътирофи Эҳсонулло ва хабари таҷовузи навҷавонон аз сӯи Толибон
Идораи амнияти миллии Афғонистон бо нашри эъломияе гуфтааст, навҷавонон дар гуруҳи Толибон аз сӯи қумондонҳо мавриди таҷовузи ҷинсӣ қарор мегиранд.
Дафтари матбуоти ин ниҳод рӯзи якшанбеи 2 феврал эълон кардааст, ахиран фармондеҳони Толибон дар вилояти Майдон Вардак ба ҷалби иҷбории навҷавонон иқдом кардаанд. Ба қавли манбаъ, гуруҳи Толибон ин навҷавононро мавриди таҷовузи ҷинсӣ қарор дода ва сипас аз онҳо дар минагузории канори роҳ истифода менамудаанд.
Дафтари матбуоти Идораи амнияти миллии Афғонистон гуфтааст, Эҳсонулло -- писари ҳабдаҳсола, як узви гуруҳ, ки ахиран боздошт шуд, дар ҷараёни таҳқиқоти пешакӣ эътироф кардааст, ки чандин бор аз сӯи Нур Оғо ва Фарид -- қумондонҳои Толибон дар вилояти Майдон Вардак мавриди таҷовузи ҷинсӣ қарор гирифтааст.
То ҳол Толибон дар ин бора изҳорот надодаанд, вале пеш аз ин чандин иддао аз сӯи Идораи амнияти миллии Афғонистонро танҳо як овоза хонда буданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |