Бахшҳо

Пирӯзии “Равшан” бар “ал-Ярмук”-и Яман бо ҳисоби 2:1

Дастаи “Равшан”-и Кӯлоб, қаҳрамони дукаратаи футболи Тоҷикистон, дар бозӣ бо “ал-Ярмук”-и Яман, ки баъд аз зӯҳри дувуми феврал дар варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода баргузор шуд, бо ҳисоби 2:1 пирӯз омад. Ин бозӣ дар доираи даври плей-оффи Ҷоми АФК-2014 доир гардида, ҳамаи голҳо дар нимаи дувуми бозӣ зада шуданд.

Ҷовидон Бобоев, сухангӯи дастаи “Равшан” баъд аз анҷоми бозӣ дар сӯҳбат ба “Озодагон” гуфт, ду голи дастаашонро Нӯъмонҷон Ҳакимов (аз пеналтӣ) ва легионер Соломон Течӣ ба ҳадаф расондаанд. Вай афзуд, ин пирӯзӣ бисёр ба мушкилӣ ба даст додааст. “Дар ҳоле ки аз як сӯ сардии ҳаво буду аз тарафи дигар барф дар варзишгоҳ. Бовар кунед, чаҳор трактор варзишгоҳро аз барф тоза карданд. Бозӣ намудан дар майдон осон набуд. Вале ин ҳама гузашт ва мо пирӯз омадем. Ин муҳим аст”,-илова кард ӯ.

Пирӯзии “Равшан” бар “ал-Ярмук”-и Яман бо ҳисоби 2:1Бозии “Равшан”-у “ал-Ярмук” қарор буд, соати 13:00 баргузор шавад. Аммо барфи зиёд дар варзишгоҳ сабаб шуд, ки бозӣ як соат дертар оғоз гардад. Ҷовидон Бобоев мегӯяд, бо вуҷуди сардии ҳаво садҳо мухлиси футбол, бахусус дастаи “Равшан”, дар варзишгоҳ ҳузур доштанд ва аз тими худ тарафдорӣ карданд.

ЯК РӮЗ ПЕШ...

Мухлисони тими футболи “Равшан”-и Кулоб ба хотири дастгирии молии дастаи дӯстдоштаашон билети бозии он бо “ал-Ярмук”-ро бо нархи даҳ баробар гаронтар аз арзиши аслияш харидорӣ кардаанд.

Тибқи иттилои торнамои расмии “Равшан”, ҳаводорони ин тим чиптаи бозии ин дастаро бо “ал-Ярмук”-и Яман, ки 10 сомонӣ арзиш дорад, бо қиммати 100 сомонӣ харидаанд. Торнамои дастаи “Равшан” менависад, ҳатто яке аз мухлисони ин тим як чиптаро ба қиммати 300 сомонӣ харидааст.

“Равшан”, ки қаҳрамони дукаратаи футболи Тоҷикистон ба шумор меравад, ахиран аз мушкилоти молии худ хабар дода буд. Дилшод Шарифов, менеҷери даста, гуфта буд, эҳтимоли ширкат накардани ин тим дар бозиҳои мусобиқоти Тоҷикистон-2014 вуҷуд дорад: “Ҳоло маоши бозигарон аз соли гузашта пардохт нашудааст. Мо тасмим доштем, аз рӯзи 10 январ тамринро барои вохӯрӣ бо тими яманӣ шуруъ кунем. Вале ба хотири набудани маблағ худдорӣ кардем. Мо ҳатто наметавонем, барои легионерҳои худ аз Гана, чиптаи ҳавопаймо харем, то ба Тоҷикистон оянд.”


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Мухлиси Равшан
Ана инро чавонмарди мегуянд. Барои хифзи обруи на танхо "Равшан", балки Точикистон икдоми ин чавонмардон боиси дастгири ва ситоиш аст. Харчанд хаво барфист, аммо итминон дорам бози дар сатхи оли гузашта, бартари насиби мо хохад гардид ин шо Аллох!

кулоби
Тфу намедонм чи бгум дига. Касе равшана спонсори кна метарса ки ранги Кабут бо трмаш мекнан. Равшан бояд Хич вахт кабута фромш накна. Мардакворин падержка кард равшанаву кулоба. Неки ма намедонм чкор кадай и равшан яхелора ки ика чапш грфтан. Бкапен бачаако номус кнен мешава хамаш.

ОФАРИН ШЕРБАЧАХОИ КУЛОБ... БО ШУМО МЕФАХРЕМ....БА РАВШАН МУВАФФАКИЯТ ХОХОНАМ. БОВАРИ ДОРАМ КИ ИН КОМАНДАИ НОМДОР АЗ ТАМОМИ ИМКОНИЯТ ИСТОФОДА БУРДА ПАРЧАМБАРДОРИ КИШВАРИ АЗИЗАМОН МЕГАРДАНД.... МО АЗ ХОРИЧИ КИШВАР БО ШУМОЕМ...

Ба дастаи "Равшан"сари баланду муваффакият хохонам.Ояндаи футболи точикро боз хам равшану пурчило кунед.Мо гарчанде дар варзишгох набошем хам мухлиси ва дуоямон бо Шумост.Ба пеш!

w
Пирузи муборак! Худо хамеша муваффак бошед.

хайрият пеналти шудааст агане бе пеналти мебуридан бозира нагз нагз узбакиш кардем молодцы пацанцы

O Un bechora arabho dar hayotash barfida bozi kardagi nestan, ito yak gol zadiyan ))) moda hamu barf foida owardast deeeee ))ПАРВИЗ,
ПАРВИЗ,

muborak shavad bachakoi bolo.

донишчу
пирузи муборак. Хамеша рохатон Равшан бошад......

бачакои боло
Офарин офарин муборак бошад

синочони Точик
ин командай футболи мо аз вазиятм хаво истифода бурданд ва гарна 10 бар 0 мебохтанд

Номдор
Офарин бачаҳои Кӯлоб!
Руҳу равони Хутал дар шумо ҷовидон аст!

Кулобиев
Бачахои Кулоб ахсан ба шумо! Имруз номуси Точикистонро хифз кардед. Вокеан "Равшан"-и Кулоб яке аз бехтаринхост ва ин исбот шуд!

Эмомов Рамазон
Офарин ба тими "РАВШАН" -и КУЛОБ хеле бозихои хуб дорад.ман мухлиси тими "РАВШАН"-и КУЛОБ МЕБОШАМ."РАВШАН" Ба ПЕШ

Офарин ба тими "РАВШАН" -и КУЛОБ хеле бозихои хуб дорад.ман мухлиси тими "РАВШАН"-и КУЛОБ МЕБОШАМ."РАВШАН" Ба ПЕШ

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)