Ҷузъиёти "тазоҳурот"-и занони норозӣ аз раиси ҲСДТ
Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ), бо пахши як иттилоия ҷузъиёти тазоҳуроти такрории занони “исёнгар”-ро дар назди дафтари ҳизбаш дар Душанбе шарҳ дод.
Зоиров таъкид мекунад, давоми ду моҳи ахир ин тазоҳуроти дувуми занони “исёнгар” дар дафтари ҲСДТ аст. Дар ҳоле ки, ба гуфтаи ӯ, муроҷиаташ ба Вазорати умури дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Додситонии кул дар мавриди пайдо кардани дастандаркорони ин тазоҳурот то ҳол натиҷае надодааст.
Раиси ҲСДТ дар мавриди тазоҳуроти рӯзи якуми феврал меафзояд, “рӯзи 1 феврали соли 2014, соати 10.00, ҷаласаи Шӯрои сиёсии ҲСДТ, яъне як чорабинии дохилиҳизбӣ таъин шуда буд, ки дар он «Консепсияи таҷдиди фаъолияти ҲСДТ барои солҳои 2014-2016», масъалаҳои стратегӣ ва вазифаҳои ҲСДТ барои соли 2014 бояд баррасӣ мешуданд. Аммо, дирӯз, яъне 31.01. 2014 бо сабаби ба ман лозим шудани ёрии тиббӣ ҷаласаи Шӯрои сиёсӣ мавқуф гузошта шуд. Ба ин нигоҳ накарда, рӯзи 1 феврал соати 09:40 дақиқа аз ҳамсояҳо ба ман хабар расид, ки як гуруҳи занон омада, дару тирезаи дафтари ҲСДТ-ро мезананд. Азбаски, ман аз шаҳри Душанбе берун будам, ба чанд нафар аъзои ҳизб ва ҳамсояҳо ба воситаи телефон мулоқот карда хоҳиш кардам, ки воқеияти корро таъҷилан муайян кунед. Маълум шуд, ки дар ҳақиқат як гуруҳи занон, тақрибан 10-12 нафар назди қароргоҳи ҳизб тазоҳурот карда, даъво доштаанд, ки барои чӣ Раҳматилло Зойиров бар зидди президенти Тоҷикистон аст, ӯ аз Тоҷикистон чӣ мехоҳад ва ғайра.”
Раҳбари ҲСДТ меафзояд, соати 9:53 дақиқа ӯ ба сардори Раёсати кофтукоби ҷиноии Душанбе ва раиси маҳалла ба нозирони минтақавӣ телефон карда, онҳоро аз тазоҳуроти занон хабардор кардааст: “То омадани намояндаҳои ҳифзи ҳуқуқ ва узви ҲСДТ, тазоҳуротгарон даъво доштаанд, ки Шӯрои сиёсии ҲСДТ дар қароргоҳ паси дарҳои пӯшида ҷарён дораду акнун аз тарсу ҳарос дари қароргоҳро ба мо намекушоянд. Вақте ба онҳо мегӯянд, ки дар қароргоҳ ягон ҷаласа нест, онҳо бовар накарда, талаб мекунанд, ки ба қароргоҳ ворид шаванд. Ҳамин тавр як нафарашон даромада мебинад ва эълон мекунад, ки дар қароргоҳ ҳеч кас нест.”
Бо вуҷуди ин, Зоиров таъкид мекунад, ки 4-5 нафари тазоҳуротгарон “мо то охир меистем” гуфта, тазоҳуротро давом медиҳанд: “Ҳамин вақт ба ҷои ҳодиса намояндаҳои Раёсати кофтукоби ҷиноии шаҳри Душанбе, нозирони минтақавӣ, муовини раиси ҲСДТ, адвокат Шуҳрат Қудратов ва дигарон мерасанд ва бо ҳамроҳии ин 4-5 нафар тазоҳургарон ба идораи корхонаи манзили №13 ворид шуда, ному насаби тазоҳургаронро муқаррар мекунанд. Дар ин ҳолат, ба намояндаи Раёсати кофтукоби ҷиноии шаҳри Душанбе ба воситаи телефон занг зада мешаваду ӯ ин 4-5 нафарро бе пурсиш ё гирифтани баёнот ҷавоб медиҳад.”
Зоиров илова кард, феълан табобаташро қатъ карда, барои дарёфти иттилои бештар ба Душанбе баргашта, ояндаи наздик дар мавриди тазоҳуротгарон иттилои муфассал пахш хоҳад кард. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |