Эрон: Гуруҳҳое ҳастанд, ки тавофуқномаи Женеваро намехоҳанд
Эрон иддао он ки гӯиё кишварҳои арабӣ дар баробари ба истилоҳ силоҳи атомии ин давлат амнияти худро таъмин медонанд, беасос хонд.
Марзия Афхам, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон гуфт, кишвараш ҳаргиз дар фикри сохт ва истифодаи силоҳи атомӣ нест ва изҳороти Ҷон Керӣ, вазири умури хориҷии Амрико дар мавриди гуфтаҳои боло ғайримантиқӣ аст. Ӯ таъкид карда, ки Эрон дасти дӯстии худро ба тамоми кишварҳои минтақа дароз кардааст ва аз равобити дӯстона бо аксари ин кишварҳо бархурдор мебошад.
Ба гуфтаи сухангӯи вазорати умури хориҷии Эрон, изҳороти Ҷон Керӣ ғайридипломатӣ мебошад: “Ба назар мерасад, гуруҳе, ки мухолифи тавофуқномаи Женева ҳастанд, одатан дар ривоҷи хушунат дар минтақа даст доранд. Таъсирҳои ғайрисозандае барои давлатмардони амрикоӣ доранд ва маҳори ин гуруҳ дар баёну амал маҳаки рафтори сиёсатҳои хориҷии Амрико дар қиболи фишорҳои бозигарони родикал ва мухолиф аст.”
Эрон бо кишварҳои 5+1(Русия, Чин, Амрико, Фаронса, Англия ва Олмон) охирҳои моҳи ноябри соли гузашта дар Женева тавофуқномаеро ба имзо расонид, ки бар асоси он ғанисозии 20%-и урани худро поин бурда, бархе аз маҳдудиятҳоро дар ин бахш ҷорӣ мекунад.
Марзия Афхам иброз медорад, ки танҳо гуруҳҳои террористӣ аз муваффақияти кишвараш дар хатти муқаддами мубориза бо хушунат ва ифротгароӣ норозӣ ва нигаронанд. Ӯ бо ишора ба ҳимояти ошкорои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз иқдомоти террористии режими саҳюнистӣ таъкид дошт: “Терроризм ва ифротгароӣ имрӯз ҷаҳонро таҳдид мекунад ва ҷомеаи байналмилал, аз ҷумла Амрико набояд бо чашмпӯшӣ аз хатари бузург иштибоҳоти гузаштаро такрор карда, ба ҷои дарки масъулонаи воқеият майдони муборизаҳоро барои терроризм густарда кунад.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |