Нӯҳ мансабу вазифаи Эмомалӣ Раҳмон. Кам ё зиёд?
Ҳумайрои БАХТИЁР
Бархе аз мухолифони Эмомалӣ Раҳмон, ки моҳи ноябри соли гузашта бори чаҳорум раисиҷумҳур интихоб ва барои ҳафт соли дигар зимоми қудратро ба даст гирифт, пешниҳод доранд, ки ӯ аз баъзе вазифаю уҳдадориҳои худ даст кашад. Ҷаноби Раҳмон дар баробари раисиҷумҳурияш чанд мақоми дигари расмӣ ва уҳдадориҳои ҷамъиятӣ низ дорад.
Дар ҳоли ҳозир ӯ
1. Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон;
2. Раиси ҳукумати Тоҷикистон;
3. Сарфармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳ;
4. Раиси Кумитаи миллии олимпӣ;
5. Раиси Шӯрои амният;
6. Раиси Шӯрои ҷамъиятӣ;
7. Раиси Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон;
8. Роҳбари тоҷикони дунё;
9. Роҳбари ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон аст.
ҲАКИМОВ: “БИГЗОР, РУСТАМОВА РАИСИ КУМИТАИ ОЛИМПӢ БОШАД”
Шокирҷон Ҳакимов, муовини раҳбари Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, мегӯяд, падидаи мазкур бештар дар кишварҳои низоми сиёсиашон ғайридемократӣ мушоҳида мешавад. Ба бовари ӯ, одатан гурӯҳе аз наздикони президентҳо, ки доираи маҳдуди фаросат ва заковат доранд, бо пешниҳоди чунин вазифаҳову ӯҳдадориҳо мехоҳанд садоқатмандии худро ба сардори давлат нишон бидиҳанд. Шокирҷон Ҳакимов мегӯяд, чунин садоқатмандии як гурӯҳ дар натиҷа ба яккатозӣ, худхоҳӣ, шахсиятпарастӣ ва маддоҳиву тамаллуқкорӣ мубаддал мегардад.
“Тибқи Сарқонуни Тоҷикистон ва қонунҳои дигари мушаххас президент ҳақ надорад, ба ғайр аз анҷоми корҳои илмиву эҷодӣ дигар вазифаҳоро дар сохторҳои давлатӣ ишғол намояд. Раиси Шӯрои амнияти давлатӣ ва ё сарфармондеҳ будан бевосита аз мансаби президентӣ бармеояд. Вале барои дигар вазифаҳо ҳеч зарурат нест”,-мегӯяд Ҳакимов. Ба сифати далел номбурда аз Раиси кумитаи миллии олимпӣ будани Эмомалӣ Раҳмон мисол оварда, гуфт, беҳтар мебуд, иҷрои ин вазифа бар дӯши Зебунисо Рустамова, варзишгар ва қаҳрамонӣ ҷаҳонӣ гузошта шавад: “Раиси тоҷикони дунё ҳам метавонад ягон олими эътирофшуда ва ё сиёсатмадор таъин гардад. Аз нигоҳи ҳуқуқ ва ахлоқ дуруст нест, вақте сардори як давлатро ҳамчун роҳбари як миллат ном мегиранд.”
САФАРОВ: “ФОИДА ДОРАДУ ЗАРАР НЕ”
Доктори илми ҳуқуқ Шокирҷон Ҳакимов дар ҳоле пешниҳоди барҳам додани баъзе аз вазифаҳои Эмомалӣ Раҳмонро мекунад, ки муовини аввали раҳбари Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон - Сайфулло Сафаров ин падидаро боиси пешрафти ҷомеа медонад. Сайфулло Сафаров бар ин назар аст, ки вақте як шаҳрванд имконияти зеҳнии ташкил ва идораи чанд корро дорад, бояд аз ин имконияти худ истифода бикунад.
Ҷаноби Сафаров бовар дорад, роҳбари бисёре аз созмонҳои ҷамъиятӣ будани Эмомалӣ Раҳмон, барои рушди фаъолияти он ташкилот мусоидат мекунад: “Ба фикри ман, роҳбари ҲХДТ, Ҳаракати ваҳдати миллӣ, Пайванд ва дигар созмонҳо будани президент ба манфиати Тоҷикистон аст. Аслан ҳеч меъёре вуҷуд надорад, ки як шаҳрванд роҳбари ду ташкилот бошад. Фарз кардем, ман дар замони Шӯравӣ вақте дар Академияи илмҳо кор мекардам, ҳамзамон 14 вазифаи дигари ҷамъиятӣ доштам.”
Сайфулло Сафаров мегӯяд, бо вазифаҳои расмӣ ва иҷтимоии Эмомалӣ Раҳмон сад дар сад мувофиқ буда, дар ин баробар барои рушди бештари ҷомеа аз қобилияти зеҳнии дигар ашхос низ бояд истифода карда шавад.
ҚОСИДДИНОВ: “ИН НИШОНАИ МАНСАБХОҲИСТ”
Муовини аввали раиси Маркази тадқиқоти стратегӣ дар идомаи сӯҳбаташ гуфт, аслан чанд вазифаро анҷом додани президентҳо анъана ва хоси кишварҳои пасошӯравист. Аммо Воҳидхон Қосиддинов, роҳбари дастгоҳи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, бо ишора ба таҷрибаи давлатҳои Қафқоз, хусусан Гурҷистон гуфт, на ҳар давлати пасошӯравӣ дунболи чунин анъана ҳастанд.
Воҳидхон Қосиддинов мегӯяд, фарқияти низоми давлатдории Гурҷистон бо Тоҷикистон, ки ҳарду замоне таҳти итоати Шӯравии собиқ буданду ба қавле аз як дег ғизо мехӯрданд, ҳоло аз замин то осмон мебошад: “Барои як инсон анҷоми як ва ё ду масъулият кофӣ аст. Аммо вақте як нафар тамоми вазифаҳои дигарро аз худ мекунаду ба дигарон ҷой намедиҳад, нишон медиҳад, ки он шахс мансабхоҳ аст.”
ШАРИФОВ: “ТОҶИКИСТОН САРЗАМИНИ РАМЗҲОИ ХОЛИСТ”
Сиёсатшинос Меҳмоншо Шарифов дар ин маврид аз Тоҷикистон ба унвони сарзамини рамзҳои холӣ ном мегирад. Ба гуфтаи оқои Шарифов барои он ки ҳама унвонҳо даркор бошанд ва маънӣ дошта бошанд, нақши амалии як унвон басанда аст: “Яъне президентии шоиста ва босалоҳият кафили зинда будан ва маънӣ доштани ин унвонҳо ва вазифаҳо метавонад бошад. Вале чунон ки мебинем унвони аввалӣ, ки дуруст кор намекунад, дигар унвонҳо чун шиорҳои дар кӯчаҳо овехта, ки мардум онҳоро мебинанд, вале диққат намедиҳанд, беҳуда бар дӯши касе овехта шудаанд. Ин падида хоси давлатҳои худкома аст, ҷое ки фардиятҳо дигар сабз намешаванд ва мардумро ба пода табдил медиҳанд ва зиндагӣ дигар дар маҷрои аслии худ нест. Ҷое ҳақиқати дар забон ва дар китобҳои мардум буда дар воқеияти онҳо нест ё чунин ки баъзе ҳакимон мегуфтанд ҳамоҳангии ақл бо ашё ва падидаҳо (adaequatio intellectus et rei) вуҷуд надорад...”
Дар ҳар сурат, назари коршиносон дар мавриди чанд вазифа доштани Эмомалӣ Раҳмон мухталиф аст. Вале бо таваҷҷӯҳ ба воқеияти Тоҷикистон ба назар мерасад, бархе аз вазифаҳоро ба дӯши дигарон вогузор кардан ё ҳамчунон дар ихтиёри худ нигоҳ доштан, ҳамоно дар салоҳияти раисиҷумҳур аст. Зеро тамоми тағйироти кадрӣ ва тақсими мақому мансабҳо, ҳатто таъини муовинони вазирону раҳбарони ниҳодҳои давлатӣ, аз сӯи ӯ ва бо ризоияти ӯ сурат мегиранд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |