Рекорди қурби доллар ва коҳиши арзиши рубл дар Душанбе
Қурби доллар дар бархе аз нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе ба ҳадди 5 сомонӣ сари як доллар расидааст, ки нишондиҳандаи бесобиқа дар бозори нақди кишвар мебошад.
Масъулини бархе аз нуқтаҳои мубодилаи асъор қурби як долларро дар овезаҳояшон зимни харид 4,98 ва зимни фурӯш 5,00 сомонӣ нишон додаанд. Ин дар ҳолест, ки қурби рубли русӣ ба таври назаррас коҳиш ёфта, арзиши 1000 рубл зимни мубодила дар нуқтаҳои саррофӣ аз 148 сомонӣ ба 140 сомонӣ поён рафтааст.
Аммо Бонки миллии Тоҷикистон 30-юми январ иттилоъ додааст, ки қурби доллари ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ, ба ҳисоби миёна 4,9660-4,9840 сомониро ташкил намуд: “Қурби миёнаи амалиётҳо бо рубли русӣ каме паст ва ба 0,1428-0,1438 сомонӣ баробар гардид, бо евро бошад, каме баланд шуда, 6,6708-6,6928 сомониро ташкил дод. 30 январ қурби миёнаи доллари ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе ба 4,9720-4,9910 сомонӣ, шаҳри Хуҷанд ба 4,9700-4,9900 сомонӣ ва шаҳри Қӯрғонтеппа ба 4,9600-4,9800 сомонӣ баробар буд.” Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |