Тақвияти ҳамкориҳои иқтисодии Эрону Фаронса
Дар пайи лағви бархе аз таҳримҳои ҷории кишварҳои Аврупо алайҳи Эрон, як ҳайати бузурги иқтисодӣ аз Фаронса, тасмим гирифтааст, ибтидои моҳи феврали соли ҷорӣ вориди Теҳрон шавад.
Ин ҳайат иборат аз 110 нафар намояндагони ширкатҳои Фаронса, аз ҷумла ширкатҳои мошинбарор ва бонкдорию ҳамлу нақл мебошад. Гуфта мешавад, ин барои бори аввал аст, ки як ҳайати бузург аз Фаронса барои ҳамкории иқтисодӣ озими Эрон мешавад.
Тибқи иттилои расонаҳои фаронсавӣ, ин ҳайат дар ҷараёни сафари худ ба Теҳрон бо намояндагони ниҳодҳои мухталиф, аз ҷумла Вазорати саноат, маъдан, тиҷорат, нафт, бонкдорӣ ва ҳамлу нақли Эрон гуфтугӯ ва роҳҳои рушди дуҷонибаи ҳамкориро ба баҳс хоҳанд кашид.
Сафари ҳайати Фаронса ба Теҳрон дар ҳолест, ки пеш аз ин Ҳасан Руҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон аз омодагии кишвараш барои мушорикати ширкатҳои мошинбарор дар рушди соҳаи мошинбарории дохилӣ хабар дода буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |