Узрхоҳии Шӯрои ВАО аз "ИмрӯзNews"-у "Ҷумҳурият"
Шӯрои Васоити ахбори оммаи Тоҷикистон дар пайи норозигии “ИмрӯзНюз” ва “Ҷумҳурият” аз натиҷаи мониторинги ин созмон, истилоҳу ифодаҳоеро, ки мояи норозигии нашрияҳо шудаааст, лағв кардааст.
Қироншоҳ Шарифзода, раҳбари Шӯрои ВАО ба “Озодагон” гуфт, ин ҷаласа рӯзи 31 январ бо ҳузури аъзои ин созмон баргузор шуда, мутасаддиёни мониторинг аз рӯзномаҳо узрхоҳӣ кардаанд. Ӯ афзуд, асосан норозигии нашрияҳо аз тақсимбандии онҳо аз рӯи риояи меърёҳои ахлоқӣ ба се гурӯҳ буд.
Шӯрои воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон риояи меъёрҳои ахлоқии журналистӣ дар 43 нашрияи чопӣ ва 10 расонаи интернетии кишварро тайи соли 2013 мавриди омӯзиш қарор дода, расонаҳоро ба се гуруҳ ҷудо кард. Гуруҳи аввал ВАО-и солим номгузорӣ шудааст, ки "Нигоҳ", "Рӯзгор", "Фараж", "Озодагон", "Адабиёт ва санъат", "Азия-Плюс", маҷаллаҳои «Бонувон», «Чашма» ва «Навниҳол» шомили он будаанд. Гуруҳи дуюмро гузоришгарон "калаванда" унвон гузоштаанд. “Нашрияҳои «Садои мардум», «Народная газета», «Имрӯз-News», «Минбари халқ», «Тоҷикистон», «Чархи гардун», «СССР», «Миллат», «Ману ту» аз ҷумлаи гуруҳи дуюманд, ки ки гоҳо рӯ ба меъёрҳои ахлоқи касбӣ меоваранду гоҳе аз он берун мераванд”,-гуфтаанд масъулони Шӯрои ВАО,
Таҳиягарони гузориш таъкид мекунанд, ки "гуруҳи сеюми расонаҳо, аз қабили «Ҷумҳурият», ҳафтаномаҳои «Оила», «Муҳаббат ва оила», «Зан ва мард» ва амсоли инҳо ғӯтавари фисқу фуҷур, фаҳш ва пастзанандаи шаъну шараф ва ҳайсиятанд." Шӯрои ВАО таъкид мекунад, шоҳиди бисёр ҳаводисе гардидаанд, ки бинобар риоя накардани меъёрҳои ахлоқӣ журналистон то зинаҳои судӣ (додгоҳӣ) даст ба гиребон гашта, ба нокомиҳо рӯбарӯ омадаанд: “Зеро ҷомеа ҳар рӯз беш аз пештара нозуку ҳушманд гардида, барои ҳимояи шаъну шараф ва ормонҳои милливу фарҳангияш дар талош мешавад”.
Нашри натиҷаи мониторинг хашми баъзе аз нашрияҳо, аз ҷумла “ИмрӯзНюз”-ро барангехт. Масъулони “ИмрӯзНюз” дарҳол норозигии худро баён карда бо ирсоли номае ба Шӯрои ВАО ҳушдор доданд, ки аз узвияти ин созмони журналистӣ хориҷ хоҳанд шуд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |