Вазири дохилаи Қирғизистон: “Нерӯҳои иловагиро аз марз берун кардем”
Вазири умури дохилии Қирғизистон, Абдилда Суранчиев, рӯзи ҷумъа дар як тамоси телефонӣ бо “Озодагон” гуфт, Бишкек сар аз 31 январ тамоми нерӯҳои иловагияшро аз марз бо Тоҷикистон берун кардааст. Оқои Суранчиев, ки ҳоло дар вилояти Бодканд, ҳаммарз бо Исфара, қарор дорад, изҳор дошт, ки “дар навоҳии наздимарзӣ фақат кормандони пулиси маҳаллӣ ва марзбонҳо боқӣ мондаанду бас.”
Вазири умури дохилии Қирғизистон илова кард, “мақомоти тоҷику қирғиз бо якдигар ҳамкории хубе доранд ва тамоми талошҳо барои он ки аст, ки созиши ҳайатҳо дар нишасти 27 январ амалӣ шавад. Барои он ки бӯҳрони марзӣ хотима ёбад.”
Дар пайи тирпаронӣ миёни марзбонҳои қирғизу тоҷик, ки зуҳри 11 январи соли ҷорӣ дар Хоҷаи Аълои ноҳияи Исфара ба вуқуъ пайваст, ду ҷониб нерӯҳои бештареро дар наздикии марз мустаққар карданд. Гуфта мешавад, ин тирпаронӣ аз ду тараф ҳашт захмӣ боқӣ гузоштааст. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо нашри изҳороте гуфт, тирпаронӣ бидуни кадом огоҳӣ нахуст аз тарафи марзбонҳои қирғиз оғоз ёфта, марзбонҳои тоҷик танҳо барои ҳифзи ҷонашон ба онҳо ҷавоб додаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |