Сешанбе, 1 Апрел 2025
Таъини 50 кадри нав ва афзоиши занон дар дастгоҳи президент

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 31-уми январ бо 50 мансабдори навтаъини давлатӣ мулоқот карда, аз онҳо хостааст, зимни ишғоли курсӣ ба халқу Ватан софдилонаю содиқона хизмат кунад.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз дар хитоб ба мансабдорони навтаъин таъкид намудааст, ки “савганди президенти Тоҷикистон бояд ҳамчунин савганди ҳар як роҳбару масъули сохторҳои давлатӣ дар назди мардум бошад”.
Манбаъ дар қатори кадрҳои навтаъин Эмин Сангинов, муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Абдусалом Мирзоев, муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Меҳринамо Ҷонмамадова , муовини вазири молия, Бозор Одинаев, муовини вазири маориф ва илмро ном бурда, афзуд: “Ҳамчунин роҳбари намояндагии Тоҷикистон дар Русия доир ба муҳоҷират ва роҳбарони як қатор сохторҳои назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, муовини якум ва ду муовини раиси ШСХК Барқи Тоҷик, муовини якум ва як муовини Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти чанд сохтори дигар таъин карда шуданд.”
Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон таъкид намуд, ки дар пайи таъиноти имрӯза ҳар нафари панҷум, ки имрӯз, дар сохторҳои Дастгоҳи иҷроияи президент мансаб доранд, зан мебошад: “Аз ҷумла Гулнора Бобоева имрӯз Сардори Раёсати илму маърифат ва Гулҷаҳон Туманова Сардори Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд. Ҳардуи онҳо кадрҳои соҳибтаҷриба ва кордони соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва бахшҳои дигари иҷтимоӣ мебошанд.”
Баробари ин манбаъ афзуд, ҳар шахси сеюми имрӯз таъиншуда кадрҳои то 40-сола мебошанд: “Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарону масъулони дахлдор, ҳамчунин дастур дод, ки минбаъд низ барои тарбияи кадрҳои болаёқат аз миёни ҷавонон ва занону духтарон ва ба вазифаҳои роҳбарӣ дар тамоми сохторҳо, новобаста аз шакли моликияташон, пешбарӣ кардани онҳо чораҳо амалӣ намоянд.” Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |