Бахшҳо

Шукурзода ва Усмонов: "ТОҶИКИСТОН аст, на ТОҶИСТОН" (ВИДЕО)

Мирзо Шукурзода, донишманди тоҷик, дар маҳфили “Тоҷикон дар таҳқиқи олимони Шарқу Ғарб”, ки аз сӯи Бунёди Муколамаи тамаддунҳо рӯзи 30 январ баргузор шуд, дар бораи таърихи тоҷикон ва забони тоҷикӣ изҳори назар кард. Оқои Шукурзода гуфт, олимони ҷаҳон дар таҳқиқоти худ нисбат ба забон ва миллати тоҷикон хеле мунсифона рафтор кардаанд.

“МО НИСБАТ БА ХУД БЕРАҲМЕМ”

“Вале масъала ин аст, ки худи тоҷикон ба интиқоди худамон даст мезананд. Борҳо исбот ҳам шуд, ки мо нисбат ба худ хеле сахтдил, бераҳм буда, хислати бегонанавозӣ дорем”,-илова кард ӯ. Мирзо Шукурзода мегӯяд, олимони ҷаҳон дар муқоиса ба таърихи узбакҳову қирғизҳо ва ё русҳо, бештар атрофи миллат ва вожаи тоҷик таҳқиқ анҷом додаанд. Ба гуфтаи ӯ, шояд хидмати таърихиву фарҳангии тоҷикон боис ба ин таваҷҷӯҳи донишмандони ҷаҳонӣ гаштааст.

ТОҶИКИСТОН Ё ТОҶИСТОН?

Дар идомаи маҳфил иштирокдорон атрофи пешниҳодҳо дар бораи ин ки аз ин ба баъд вожаи тоҷикон ба “тоҷӣ” ва Тоҷикистон ба “Тоҷистон” табдил дода шавад, низ сӯҳбат карданд. Мирзо Шукурзода гуфт, комилан зидди чунин пешниҳод аст: “Ман ҳеч гоҳ тарафдори чунин пешниҳод нахоҳам буд. Он дӯстоне, ки чунин пешниҳод доштанд, як каме мариз ҳастанд. Албатта, узр мехоҳам барои ин суханон. Вале Тоҷикистону тоҷикон набояд иваз шавад.”

ЭЪТИРОЗИ ИБРОҲИМ УСМОНОВ

Дар ҳамин ҳол, пофессор Иброҳим Усмонов ҳам изҳори назар карда гуфт, Садриддин Айнӣ дар пажӯҳиши худ нисбат ба вожаи тоҷик таъкид кардааст, ки ин калима аз “тоҷ” ва “ик” иборат аст, ки “ик” инҷо пасванди навозишист: “Акнун имрӯз ду тоҷике, ки аз Тоҷикистон берун баромадааст, мегӯяд, мо бояд Тоҷистону тоҷӣ бигӯем. Ин нодуруст аст. Ҳадди ақал дар нисбат ба тадқиқи он бузургоне, ки ба ин кор даст задаанд.”

ТОҶИКӢ ГӮЕМ, Ё ТОҶИКИВУ ФОРСӢ?

Донишманди тоҷик Мирзо Шукурзода дар идомаи маҳфил ба суолҳо дар бораи он ки номи забони тоҷикиро тоҷикӣ бигӯем ва ё форсӣ низ посух дод. Оқои Шукурзода гуфт, ба андешаи ӯ, “беҳтар аст, бигӯянд забони тоҷикиву форсӣ ва ё форсию тоҷикӣ.”


Тафсилоти сӯҳбатҳои Мирзо Шукурзодаро дар ин навори видео бубинед:



Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Таи чанд вакт аст,ки дар Амрико истикомат мекунам.Вакте мардуми инчо мефахмад,ки ман ба забони форси харф мезанам,хеле ба вачд омада,хурсанд мешаванд,ки бо нафаре гуфтугу доранд,ки забони форсиро медонад.Ва дар варкахое,ки мо дар он имтихон месупорем(тест),саволе хаст-" кадом забонро медонед?",забони форси хам дар он катор хаст.

ба Мирзо Шукурзода, донишманди тоҷик хамфикр хастам чаро ном иваз кунем.
Барои он ки бардоштани номи ТОЧИКУ ТОЧИКИСТОН барои мо мушкил аст!!!!!!!???????.
Бэхтар он аст ки барои обурую этибори Точику Точикистон мехнат кунем

ислом.70mail.ru
Устози бузург зинда бошед.Ба мисли шумо Худованд сафи чунин фардхои миллатро нигахбон бошад чонам фидои чунин забони ширин

Точистон бехтарин ном барои ин кишвар аст. Вакте дар хорич точикистон мегуи забонашон печ хурда мегуянд: а казхстан
Бигзор миллати точик бошаду кишварамон Точистон.
Номи кутох ва зебо

Кова,
Бале, чон. Хичолат накашед ба забонатон! Забонро ном намебардорад, магар забон номро мебардорад. Форси точики нест, точики Форси нест. Бар забон тачовуз наоред, забонро таракки дихед! Зинда бод ТОЧИКИИ Точикистон!

lин пешниходи кадом мугул ё кунгурот аст ки мехоханд вожаи точикро аз байн баранду ин миллатро нест кунанд. кори нотамоми бобояшон чингизро ба тамом расонанд

Бародарон, хама корхоямон бемаъни аст. Аввалан бахсро бо ин ном пешкаш кардан бемаъни аст. Зарурати бахси Точистон вучуд надорад. Дувум ман дар хамон нишаст. иштирок доштам. Як нишасти бемаъниву сафсатафуруши буд. Охир чаноби Шукурзода шояд инсони хубе бошад, вале дар он нишаст танхо чизе гуфт, ин буд, ки чандин нафар донишмандон дар бораи вожаи точик тадкикот анчом додаанд. Ин хабар танхо хабар аст. Китобхои чаноби Шукурзода хам хабаре беш нестанд. Ин хама дагдагае, ки Озодагон ба рох андохтааст, барои чист? Шумо мардумро ба кучо бурдани хастед? Шарм бояд кард!

Аввалан ин пениҳоди бемантиқ ва ғалат аст ва касе онро пешниҳод намудааст олим ҳам нест. Зеро мо миллати тоҷикем на миллати тоҷ. Номи Тоҷикистон доштани кишвар ҳам маънои онро дорад, ки ин кишвари тоҷикон аст.
Дуюм, гуфтаҳои Иброҳим Усмон ва ишора ба суханҳои Устод Садриддин Айнӣ дуруст аст. Тоҷикони Шуғнон, ҳоло ҳам аз ҳамин пасванди "ик" бо маънии навозиш истифода мекунанд. Онҳо ҳамчунин пасванди "ак" - ро истифода мекунанд, агар шахс ё ашё ё чизи дигар ба онҳо нағз маъқул набошад (акси навозиш). Масалан, номи шахс Амир бошад "амирик" (навозиш) мегӯянд.

Tojik
Farq nest, har duyashon ISTON astand

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)