Хулосаи Хадамот дар бораи пешниҳоди Бег Зуҳуров моҳи феврал эълон мешавад (ِВИДЕО)
Абдусамад Раҷабов, сардори Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон, рӯзи 31 январ зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе нияти Бег Зуҳуров, раиси Хадамоти алоқаи кишвар, барои ба инҳисори “Тоҷиктелеком” даровардани тамоми хизматрасониҳои интернетӣ дар идораҳои давлатиро шарҳ надод.
Ин дар ҳолест, ки Анҷумани интернет-провайдерҳои Тоҷикистон азми Бег Зуҳуров, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистонро, ки ният дорад, тамоми хидматрасониҳои интернетиро ба идораҳои давлатӣ ба дасти ширкати зертобеаяш, “Тоҷиктелеком”, супорад, ғайриқонунӣ гуфт. Аммо Раҷабов дар посух ба суоли “Озодагон” гуфт, феълан муроҷиати Анҷумани истифодабарандагони интернетро дастрас карда, мавриди омӯзиш қарор додаанд.
“То ба охир расидани таҳлилҳо қонунӣ ё ғайриқонунӣ будани дархости раиси Хадамоти алоқаро гуфта наметавонем. Моҳи оянда таҳлилҳои мо ба охир мерасанд ва мо аз натиҷаҳояш ба Шумо хабар медиҳем”,-афзуд ӯ.
Қаблан Асомиддин Атоев, раиси Анҷумани дастраскунандагони интернет, дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, Хадамоти алоқаи Тоҷикистон рӯзи 7 ноябри соли 2013 бо ирсоли нома ба унвони ширкатҳои интернетрасони хусусии кишвар, тақозо кардааст, ҳама гуна хизматарсониҳои интернетиро ба муассисаҳои давлатӣ қатъ намоянд. Дар ин нома, ки зери имзои Бег Зуҳуров равон шудааст, аз ҷумла омада, ки "Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ба иттилои Шумо мерасонад, дар асоси Қарори ҳукумати ҷумҳурӣ ҶСК Тоҷиктелеком вазифадор шудааст, ки тамоми хизматрасониҳои Интернет, WiMax, WiFi- ро ба корхонаҳо, муассисаҳо ва идораҳои давлатӣ таъмин намояд. Аз ин лиҳоз, хоҳиш карда мешавад, дар корхонаҳои давлатие, ки ширкати Шумо хизматрасониҳои интернетиро ба роҳ мондааст, қатъ намоед ва ҳамзамон аз натиҷаи он ба шахси масъули мо ахборот диҳед."
Раҳбари Анҷумани интернет-провайдерҳои Тоҷикистон муътақид аст, ки ин дастури Хадамоти алоқаи кишвар ба ширкатҳои фароҳамкунандаи интернет мухолифи аксари санаду меъёрҳо, аз ҷумла қонунҳои зиддиинҳисорӣ мебошад. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |