Бахшҳо

Созиши Муродалӣ Алимардон бо Тоқон Мамитов дар Бишкек

Муродалӣ Алимардон, ноиби нахуствазири Тоҷикистон дар пайи гуфтушунид бо ҳамтои қирғизаш Тоқон Мамитов дар Бишкек санадеро имзо кардааст, ки тибқи он кори комиссияҳои ҳукуматӣ дар мавриди марз ҷоннок мешавад. Ин гуфтушунид дар қароргоҳи давлатии “Ала-Арча”, дар канори Бишкек, гузашта, ба ҳайати Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев, ёвари раисиҷумҳур дар умури амнияти миллӣ, роҳбарони Вазорати умури хориҷӣ, Вазорати умури дохилӣ, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ва дабири Шӯрои амният шомил буданд.

Бар асоси иттилоияи мақомоти қирғиз, ҷонибҳо ба созиш омадаанд, миёнаи моҳи феврал мулоқоти дигарро баргузор намоянд, ки ин дафъа бевосита дар марз сурат мегирад. Ҷонибҳо ваъда додаанд, нерӯҳои иловагие, ки баъд аз тирпарронии 11 январ ба марз кашида шуданд, берун хоҳанд овард. Аммо дар ин иттилоия дар бораи сохтмони роҳи баҳсбарангези Кӯктош-Оқсой-Тамдиқ ва шарҳи тирпарронии 11 январ чизе гуфта нашудааст.

Ин дар ҳолест, ки субҳи 31 январ Тоқон Мамитов, ноиби нахуствазири Қирғизистон дар сӯҳбат бо хабарнигорони қирғиз эълон карда, ки Душанбе мухолифи сохтмони роҳи баҳсбарангези Кӯктош-Оқсой-Тамдиқ нест. Сохтмони ин роҳи баҳсбарангез, ки аз қаламрави Тоҷикистон ҳам мегузарад, рӯзи 11 январ ба тирпаронии марзбонҳои тоҷику қирғиз сабаб шуда буд.

Ба қавли Тоқон Мамитов, “мо ин мавзӯъро бо ҳайати Тоҷикистон дар миён гузоштем ва Муродалӣ Алимардон гуфт, Тоҷикистон мухолифи сохтмони ин роҳ нест.” Аммо оқои Мамитов аз шарҳи тирпаронии 11 январ дар марз худдорӣ карда ва ҳам нагуфтааст, ки Тоҷикистон бар ивази чӣ талабе ба идомаи сохтмони роҳи баҳсбарангез ризоият додааст. Қаблан, як манбаи огоҳ ба “Озодагон” гуфта буд, дар мулоқоти ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон, ки рӯзҳои 28 ва 29 январ дар Исфара сурат гирифт, ҷониби Душанбе аз Бишкек хостааст, аз маҳалли Хоҷаи Аълои Исфара то Ворухи ин ноҳия роҳи мустақим бидиҳад.

Дар сурати ризояити Бишкек, гуфта буд мусоҳиби мо, Ворух аз ҳолати ҷазирақаламравӣ раҳо шуда, вобастагии Исфара аз Қирғизистон коҳиш хоҳад ёфт. Аммо то ҳанӯз рӯшан нест, ки ҷониби Тоҷикистон оё як чунин талабе дошта ва дар иваз чӣ посухе гирифтааст.
Мӯҳр
Мухтарам Алимардонов аз ин ру рози аст, ки тамоми хоки мо бе ягон бахси иловаги таксим бошад.
Ин кор (таксими замини ачдодии точикон) соли 1924 аз тарафи Файзулло Хоча яке аз Точики Бухороие, ки пешвои равияи пантуркисти буд анчом шуда буд, ки то хол дар арсаи чахони бо ин саховатмандиаш точики бечора шармандааст.

Чаро масъуломи миллат аз номи тамоми милат ин корхои нагборро анчом медиханд. Кучост он номусу хису гурури миллии халки азизи мо? бо ин хол мо дар дунёву охират шармадаем!

хамшахри Алимардонов
Рост гуфти, Хушбахт! Ба хамааш хамин одам гунахкор! Ба Чин хам у дод заминхоро, рохро хам у пулаки кард. ба фикрам зуратон ба хамин одам мерасад

Мучохид
Хеч гох ба шартхои чониби Киргизистон рози нашавед то он даме ки онхо ба шартхои мо рози шаванд. Мо фидоиёни миллат тайёр хастем ки бар зидди душман бичангем.

50гр рехта бошад хамаша фурухта омад барои ин гур сузаду дег чушад инхо гами халкро намехуранд гами шикамашонро мехуранд озодагон мард бош

сури
Мучохид,точикистон чи шарт гузошта метавонад
вакте ки дар руи карта бизнеси точирон хобидааст,
АВВАЛ МАНФИАТИ ОИЛАВИ-БАЪД МИЛЛИ. простой мой
народ-размечталис...
озодагон чопаш кунед

Саросема нашавед! Бародарон ин ахборот аз тарафи киргизистон садо дод! шарти ба имзо расидани шартнома низ чунин буд, ки мардуми киргиз ба ошуб наояд!! Ман якин медонам, ки аз тарафи кигриз дарозии 4.5 км ва пахноии 350 матр дар ихтиёри ЧТ барои Ворух чудо шудааст!! Окибати инро аз шахрвандони дар Ворух зиндаги мекардахо бояд пурсид!!!

Хайхот аз хиёнат ба миллат,
Хайхот аз фурухтани замини ватан-модар!
Хайхот аз зиллату хори ва шармандагии пеши аквом!

Омодаем барои хама гуна чонфидои барои точик ва Точикистон,ватани чоночон!Хоки Точикистон ниёз ба фарзандони ба ору номусаш дорад...

мардуми исфарв
о чаннннноооб оби даре чи мешавад исфарагихо беоб мемонад.киргизхо роха гирад , рохи ворухро аз дигартараф сохтатиад ,оби дареро покиза мегирад, инаша фикр мекунитонми шумхон е не.агар фикр накунетон мо мардум худомо чора мебинем бо белу каланд

ишкамсер чи парвои ишкам гушна. онхо ки об доранд парвои мо исфарагихоро чикунанд.

tojikbacha
сури,
мардуми исфарв,
чаро хайоев 350га заминро барои истифода ба киргизон дод он заминхо кучо шуд,,илтимос посух дихед
Хеч вакт барои киргиз рох надихед онхо кучманчихо,,дар канори рохашон хона созон ворухро хам аз худ мекунанд!!

ОДИНАМАХМАД МАСЧО
БАРОДАРОН ИСФАРА МО ДАР ТАМОМИ ХОЛАТ БО ШУМОЕМ АММО ДАР ИНЧО ХУШЁРИ ВА ЗИРАКИИ СИЁСИРО АЗДАСТ НАДИХЕД БАЪДАН БА НАЙРАНГХОИ МАНСАБДОРХО БОВАР НАКУНЕД ЧУНКИ ИНХО АЗ БОВАРИ БАРВАКТ БАРОМАДАНД

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)