Ҷавонони тоҷик дар Уфа 120 000 рубли дуздиро пеш аз пулис ёфтаанд
Донишҷӯёни тоҷики муқими шаҳри Уфа дуздеро, ки 120 ҳазор рубли русии сокини 49-солаи ин минтақаро рабуда буд, боздошт ва маблағро ба соҳибаш баргардондаанд.
Тибқи иттилои расонаҳои русӣ, дар ибтидои ҳафтаи ҷорӣ як сокини шаҳри Уфа мавриди ҳамлаи дуздӣ қарор гирифта, 120 ҳазор рубли ӯ аз сӯи авбоши 16-сола рабуда мешавад. Ин зани 49-солаи рус корманди хадамоти иҷтимоӣ буда, ният доштааст, маблағи сокинонро ба соҳибонашон бирасонад.
Ҳарчанд ин зани рус бо пулис тамос гирифта аз мавриди ҳамлаи дуздӣ қарор гирифтанаш хабар медиҳад, вале то омадани онҳо, се донишҷӯи тоҷик, ки дар наздикии макони ҳодиса қарор доштаанд, дуздро боздошт менамоянд. Яке аз ин донишҷӯёни тоҷик Назирҷон Самандаров ном дошта, ҳамроҳи ду ҳамватани худ, тибқи қарордоди ба имзорасида миёни Вазорати маориф ва илми Русияву Тоҷикистон дар курси аввали Донишгоҳи нафти Уфа таҳсил доранд.
Вазорати умури дохилии Русия мегӯяд, ин дузди боздошткардаи донишҷӯёни тоҷикро 4 соли зиндон таҳдид мекунад. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |