Вазир: “Сангтӯда-2 аз моҳи декабр боз кор намекунад”
Усмоналӣ Усмонов, вазири энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон, аз фаъолият мондани нерӯгоҳи “Сангтӯда 2”-ро таъйид карда, гуфт, ин кор дар доираи созишномаи миёни Душанбеву Теҳрон сурат гирифтааст. Усмонов дар нишасти хабарии 30 январ изҳор дошт, “Сангтӯда 2” аз моҳи декабри соли 2013 инҷониб кор намекунад.
“Ин дар доираи созишнома аст, ки тибқи он бояд нерӯгоҳ баъд аз як соли фаъолияташ аз ташхиси техникӣ гузаронда шавад. Ҳамин тариқ, чархаи якуми нерӯгоҳ моҳи декабри соли 2012 ба кор оғоз кард ва баъд аз як сол мавриди ташхис қарор гирифт”,-шарҳ дод вазир.
Вазири энержӣ таъкид намуд, баъд аз анҷоми таҳқиқи нерӯгоҳ он дубора фаъол хоҳад шуд, аммо замони ин иқдомро дақиқ накард. Ин ташхиси техникӣ дар ҳолест, ки чархаи дуюми ин нерӯгоҳ то ҳол расман фаъол нашудааст.
Нерӯгоҳи “Сангтӯда 2” яке аз тарҳҳои бузурги Эрон дар Тоҷикистон ба шумор меравад, ки дар ҷануби кишвар бо 180 миллион доллар саҳми Теҳрон ва 40 миллион доллари худи Душанбе бо усули “биотӣ” сохта шудааст. Тибқи ин усул нерӯгоҳ давоми 12,5 сол дар ихтиёри Эрон хоҳад буд ва баъд аз гирифтани хароҷоташ онро ба Тоҷикистон месупорад. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |