Саидмурод Хайриддинов дар бораи фоизи гарони бонкҳо
Саидмурод Хайриддинов, директори “Тоҷикагролизинг” дар шароити фоизҳои гарони бонкӣ дар кишвар лизингро аз муфидтарин роҳи таъмини ниёзмандон, аз ҷумла кишоварзон бо техника арзёбӣ намуд.
Хайриддинов, имрӯз, 30-юми январ, зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, ҳаққи хизматрасонии “Тоҷикагролизинг” нисбат ба фоизи қарзҳои бонкии кишвар пасттар мебошад: “Қарзе, ки мо ба хоҷагиҳои деҳқонӣ медиҳем фоизи солонааш 12 фоизро ташкил медиҳад. Тибқи шартнома муҳлати баргардонидани қарз 3 сол муайян шудааст. Фарз кардем, агар ба деҳқон як трактор диҳем арзиши иловагияш дар давоми 3 сол 14,6 фоиз мешавад, ки чунин имтиёзҳо дар бонкҳои Тоҷикистон вуҷуд надорад”.
Директори “Тоҷикагролизинг” илова намуд, ки барои ҳалли мушкили деҳқонон дар кишвар 33 маркази хизматрасонии техникӣ ташкил намудаанд ва ният доранд оянда дар ҳама навоҳии кишвар чунин марказҳоро роҳандозӣ намоянд.
Саидмурод Хайриддинов бе таъмини техника рушди кишоварзиро дар Тоҷикистон ғайриимкон хонда, афзуд, ки феълан Тоҷикистон ба 17 ҳазор трактори тасмачарх ва универсалӣ , 1724 адад комбайн, 916 адад тракторҳои хурд барои коркарди боғҳо ниёз дорад : “Мо барои гирифтани қарзҳои имтиёзнок барои ба кишвар ворид намудани техника ба бонкҳои байналмилалӣ ва дигар ташкилотҳо гуфтушунид дорем ва кӯшиш мекунем кишоварзонро ба техника таъмин намоем”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Феврал 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | |