Бахшҳо

Маъракаи китобҷамъкунӣ дар фурудгоҳи Душанбе ҷараён дорад

Кормандони фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба китобхонаи миллӣ ҳудуди 5469 китобу адабиёти илмӣ ва асарҳои мухталиф супоридаанд.


Феҳрасти китобҳои ҷамъоварикардаи кормандони фурудгоҳ аз осори классикони адабиёти тоҷику форс- Абулқосим Фирдавсӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Умари Хайём, Низомии Ганҷавӣ, нависандагони маъруфи замони шӯравӣ- Ҷалол Икромӣ, Шодон Ҳаниф, Сотим Улуғзода, Мирсаид Миршакар, Мирзо Турсунзода, нависандагони  рус- Лев Толстой, Некрасов, Сергей Есенин инчунин адабиёти нависандагони англису амрикоӣ, фаронсавӣ, арабӣ, осетинӣ иборатанд. Дар миёни китобҳои ба китобхонаи миллӣ тақдимкардаи онҳо асарҳои В.И. Ленин ва дигар арбобони сиёсии Иттиҳоди Шӯравиро низ дидан мумкин аст. Ёдрас менамоем, китобхонаи миллии ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ ҳанӯз соли 1933 дар заминаи китобхонаи шаҳрӣ таъсис ёфта, баъди як сол ба истиқболи 1000-солагии устод Фирдавсӣ, муаллифи асари ҷаҳоншумули «Шоҳнома» бо исми ӯ номгузорӣ шудааст. Дар соли 1993 ба китобхона мақоми миллӣ дода шуд. Фонди он баробар ба 3 миллион нусха китобу осори гаронбаҳост. Дар сурати ба бинои нав кӯчидани ин махзани маонӣ теъдоди китобу мусаввара ва осори илмии он ҳудуди 10-миллионро ташкил хоҳад дод. Бинои нави китобхонаи миллӣ дар садади анҷомёбӣ буда, қарор аст дар арафаи ҷашни 20–умин солгарди истиқлолияти давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор бигирад. {jathumbnail off}
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)