“Манчестер Сити” боз дар садри ҷадвали премер-лигаи Англия
"Манчестер Сити" дар дидори ахираш "Тотенхэм"-и Лондонро бо ҳисоби 5:1 мағлуб кард.
Ҳисобро дар дақиқаи 15-ум Серхио Агуеро боз кард. Дар қисмати дуюм Яя Туре ва Эдин Ҷеко ҳисобро се бар ҳеч ба нафъи “Манчестер Сити” карданд. Дар дақиқаи 59, Этен Капуа ҳисобро тағир дод- 3:1. Аммо дар қисмати охир бозигарони “Манчестер Сити” ба задани ду голи дигар муваффақ шуданд.
Бо шарофати ин пирӯзӣ “Манчестер Сити” баъди 23 бозӣ шумори холҳояшро ба 53 расонда, дар ҷадвали мусобиқаи премер-лигаи Англия дар ҷои аввал мақом гирифт. “Арсенал”, ки як имтиёз аз “Манчестер Сити” камтар дорад, зинаи дуро муаррифӣ мекунад. “Тотенхэм” бо 43 хол дар ҷои 5-юм аст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |