Боздошти шиноси фаронсавии Гулнора Каримова дар Маскав
Дар фурудгоҳи Шереметевои Маскав тоҷир Эрик Кокини, шаҳрванди 48-солаи Фаронсаро боздошт кардаанд. Дар ин бора торнамои “Фергана” хабар додааст.
Кокини барои ҷиноятҳои иқтисодӣ дар қаламрави Узбакистон, ки дар гузашта онҷо зиндагӣ кардааст, муттаҳам мешавад. Дар мавриди боздошт шудани як шаҳрванди Фаронса дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Русия ҳанӯз 28 январ хабар дод, аммо он вақт номи ӯро ошкор накарда буданд.
Ба иттилои “Фергана”, Кокини давоми чандин сол дар қаламрави Узбакистон ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул будааст. Аз ҷумла дар интиқоли атриёт ба Тошканд саҳм дошта ва барои “ба по рост кардан”-и ин тиҷорат барои Гулнора Каримова, духтари калони президент - Ислом Каримов кӯмак намудааст.
Соли 2011 Кокини барои саҳмаш дар рушди муносиботи тиҷориву иқтисодӣ бо Узбакистон аз ҷониби сафири Фаронса дар Тошканд нишони фахрӣ гирифт.
Давоми моҳҳои ахир дар Узбакистон чанд нафари наздик ба Гулнора Каримова боздошт ва фаъолияти радиову телевизионҳои марбут ба ӯ қатъ шуд. Ҳамчунин, ба дари чанин муассисаи фарҳангӣ ва мағозаҳои духтари президент қулф заданд.
Коршиносон ин ҳамаро ба навиштаҳои интиқодии ӯ алайҳи хадамоти амниятии Узбакистон ва модараш Татянаву хоҳараш - Лола рабт медиҳанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |