Бахшҳо

Ҷавоби Рустами Ҷонӣ ба ҳушдори раиси Роҳи оҳани Тоҷикистон

Бунёдгузори “ИмрӯзНюз” изҳороти Амонулло Ҳукуматулло (Ҳукумов), раиси Роҳи оҳани Тоҷикистонро, ки онҳоро ба эҳтиёткорӣ хонда ва гуфт, медонад, дар пушти онҳо кӣ меистад, таҳдид донист.

Рустами Ҷонӣ рӯзи 29 январ дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфт, “қонунгузории Тоҷикистон таҳдид ба ҷони инсон ва шаҳрвандро манъ кардааст. Ба ҷуз ин ки корманди “ИмрӯзNews” як шаҳрванд аст, журналист аст ва тибқи қонунгузорӣ, вазифаҳое дорад, ки монеъ шудан ба онҳо ҷиноят аст.” Бунёдгузори “ИмрӯзНюз” мегӯяд, ҷаноби Ҳукуматулло айни замон ҳам ба журналист таҳдид кардааст ва ҳам ба шаҳрванд. “Боз ин мавқеи худро бо ҳуқуқдонҳои ширкат баррасӣ мекунем, тасмими мо қатъӣ хоҳад буд”,-афзуд ӯ.

Рустами Ҷонӣ мегӯяд, “ҳеч кас ва боз мансабдори давлатӣ ҳуқуқ надорад, аз доираи ваколатҳои худ берун равад. Ҳукумов изҳор доштааст, ки медонад пушти мо кӣ меистад. Мо ҳам медонем: Худо, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, кафолатҳои додаи президент. Агар таҳдиди Ҳукумов ба ҳамин пуштҳои мо равона шуда бошад, фикр мекунем, бештар ӯ «бояд эҳтиёт бошад ва ба ҷони худ ҷабр накунад». Барои мо аҷиб метобад, ки натиҷаҳои парвандаи дар ҳоли баррасибударо Ҳукумов пешакӣ медонад."

Амонулло Ҳукуматулло (Ҳукумов), раҳбари корхонаи Роҳи оҳани Тоҷикистон, рӯзи 29 январ зимни нишасти матбуотӣ, вақте сухан аз писараш Рустам Ҳукумов рафт, ба нашрияи “ИмрӯзНюз” ҳушдор дода, аз онҳо хост, эҳтиёт бошанд. Раҳбари корхонаи Роҳи оҳани Тоҷикистон гуфт, “медонам, соҳиби “ИмрӯзНюз” кист, вале ба ҳар ҳол эҳтиёт кунед.” Ӯ аз қазияи пирӯз шудани Рустам дар баҳси додгоҳӣ бо “ИмрӯзНюз” ёдовар шуда, илова кард, “ӯ ҳанӯз ин маблағи ҷубронро талаб накардааст.” Вале таъкид дошт, ин амалкарди бархе аз расонаҳои матбуоти даврии Тоҷикистон оид ба қазияи писарашро бе ҷавоб нахоҳад монд.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Изхор
"Барои мо аҷиб метобад, ки натиҷаҳои парвандаи дар ҳоли баррасибударо Ҳукумов пешакӣ медонад."-рост мега хамин Муасиси Имрузнюз баъди тафтиш ки муаян шава бо чи бачата сафед кардай дар пеши журналисто!!!???

Агар Рустами чони вокеан устувор боши бидонки Худо хатман бо ту хохад буд

Яъкуб.
Додочони Атовулло хам гуфта буд фармоишгарони суикасдашро инхо фармон дода буданд..эхтиет кунед ба чонатон гуфтан чи маъни дорад.....

мигрант
Бале, вакто ки ман ин нишасти матбуотиро дидам, дар хайрат модам,ки чихел корманди хукумати Ч.ТОЧИКИСТОН ба рузноманигор чунин тахдиди руи рост карда истодааст. Аммо мутаасифона имруз дар Чумхурии мо хамин хел аст. Чаноби Рустами Чони эхтиёт кор бошед

Tojik
Hukumov tahdid ba joni korgaroni Imruz News nakard, vay faqat tahdid kard, ki onhoro ba dodgoh mekashad va baroi pardokhti 50,000 somoni yo ziyodtar baroi tuhmat majbur mekunad.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)