Гуфтушуниди мақомоти тоҷику қирғиз дар масъалаи марз
Гуфтушуниди мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон дар мавриди баҳси марзӣ ва муноқишаи рӯзи 11 январ миёни сарҳадбонони ду кишвар оғоз шудааст.
Як манбаъ аз ҳукумати Исфара ба “Озодагон” гуфт, дар ин гуфтушунид ҷониби Тоҷикистонро Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилӣ, Шералӣ Хайруллоев, ёвари раисиҷумҳур дар умури амнияти миллӣ ва Маҳмадтоҳир Зоиров, раиси Кумитаи замин ва геодезии кишвар намояндагӣ доранд. “Ҷонибҳо масъалаи марзро баррасӣ хоҳанд кард”,-афзуд манбаъ.
Мусоҳиби мо илова кард, ҳоло маълум нест, ҷонибҳо то куҷо дар ин маврид ба мувофиқа расидаанд ё не ва маълумоти бештар баъд аз анҷоми гуфтушуниди тарафҳо маълум хоҳад шуд. Дар ҳамин ҳол, масъулони Вазорати корҳои дохилӣ низ аз сафари Рамазон Раҳимов ба Исфара иттилоъ дода, гуфтанд, вазир ду рӯз боз дар минтақаи шимоли кишвар қарор дорад ва яке аз ҳадафи сафараш ошноӣ бо вазъи марз аст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |