Аснои оббозӣ дар канали «Ҳисор»-и ноҳияи Шаҳринав сокини деҳаи Ҷузӣ бе ному нишон гардидааст.
Дар ин бора ба «Озодагон» аз кумитаи ҳолатҳои фавқуллода иттилоъ доданд. Ба иттилои манбаъ 9-уми августи соли ҷорӣ тахминан соати 17:10, Суҳроб Назарови 11 сола ҳангоми оббозӣ дар канали «Ҳисор», ки аз ҳудуди ноҳияи Шаҳринав мегузарад, ғарқ шуда то кунун пайдо нагардидааст. «Барои дарёфти ӯ корҳои ҷустуҷӯӣ идома доранд», -афзуд манбаъ. {jathumbnail off}
Мӯҳр