Боздошти 3 донишҷӯи Донишгоҳи тиҷоратӣ ва Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ
Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон се донишҷӯи тоҷикро ба иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир боздошт кардааст.
Тибқи иттилои ин ниҳод, Муҳиддин Одинаеви 21-сола, донишҷӯи Донишгоҳи тиҷоратӣ ва Фирдавс Раззоқови 21-солаю Беҳрӯз Давлатови 24-сола, ки донишҷӯи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон мебошанд, дар хариду фурӯши маводи мухаддир муттаҳам мешаванд.
Кумитаи амнияти миллии кишвар мегӯяд, инчунин, дар ҳамдастӣ бо ин се донишҷӯ Абдуллозода Ҳусейни Иброҳим, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, низ дастгир шудааст. Ба қавли манбаъ, ҳангоми бозҷӯии манозили зисти афроди боздоштшуда дар маҷмӯъ 2,6 кило маводи монанд ба чарс дарёфт шудааст.
Нисбат ба гумонбарон бар асоси моддаи 200 қисми 3-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда боз гардидааст. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |