"Террористи телефонӣ"-ро то 8 соли зиндон таҳдид мекунад
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Узбакистон аз боздошти як “террористи телефонӣ” хабар дод.
Бино ба иттилои дафтари матбуотии Вазорати корҳои дохилии Узбакистон Эркин Қосимов тавассути телефон аз мавҷудияти маводи мунфаҷира дар дохили яке аз қаторҳои мусофирбари ширкати "Узбекистон темир йуллари" иттилоъ додааст. Аммо зимни гузарондани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ маводи таркандаро пайдо накардаанд.
"Ҳоло корҳои тафтишотӣ мегузарад ва маблағи зарар аз ин маълумоти бардуруғ ҳисоб мешавад. Нисбат ба Эркин Қосимов парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ӯро аз панҷ то ҳашт соли маҳрумият аз озодӣ интизор аст",-хабар додааст манбаъ. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |